Дар Ӯзбекистон масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти мамлакат дар тамоми минтақаҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, муассисаҳои амалкунанда бо таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд. Ҳадафи асосӣ – наздик намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Қадами навбатӣ дар ин самт ифтитоҳи поликлиникаи нави оилавии замонавӣ дар маҳаллаи «Уйрот»-и ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ мебошад. Ин муассиса барои сокинони маҳалла ва деҳаҳои атроф имконият фароҳам меорад, ки бидуни тай намудани масофаи дур аз хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ истифода намоянд.
Зимни боздид аз муассисаи нав ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов бо шароит ва имкониятҳои ташхису табобат аз наздик шинос гардид. Ӯ таъкид намуд, ки сифати хизматрасонии тиббӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолият қарор гирифта, ҳар як муроҷиаткунанда ғамхорӣ ва муносибати касбиро эҳсос намояд.
Поликлиника бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, барои ташхис, муоина ва пешгирии бемориҳо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ин омил на танҳо сифати хизматрасониро беҳтар мекунад, балки барои ошкор намудани бемориҳо дар марҳилаи аввал низ мусоидат менамояд. Президент борҳо таъкид намудааст: «Саломатии инсон – бузургтарин сарват аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси давлат мебошад». Маҳз ҳамин сиёсати инсонпарварона имрӯз дар ҳар як шаҳру ноҳия тавассути сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳа амалӣ мегардад.
Рушди муассисаҳои тиббии аввалия барои пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатии модару кӯдак, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва дарозумрӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, фаъолияти поликлиникаи нави «Уйрот» оғози марҳилаи нави хизматрасонии босифат ба мардум мебошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.