Доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода аз зумраи беҳтарин олимони адабиётшиноси имрӯзи тоҷик аст, ки бо дониши фарох, истеъдоди баланди фитрӣ ва сабки хуби нигориш дар байни ҳамтоёни худ обрӯю эътибори баланде дорад.
Вай дар илми адабиётшиносӣ як фарди тасодуфие набуда, балки пайванди ирсӣ дорад ва дар ин қӯра хуб обутоб ёфтааст. Масрур писари яке аз олимони адабиётшиноси тоҷик, ҳамватани мо Аҳмад Абдуллоев аст ва садоқат ба илмро маҳз аз падари олими худ ба мерос гирифтааст. Шодравон, доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Абдуллоев як умр дар таҳқиқи адабиёти мумтози тоҷик шуғл варзида, дар ривоҷи адабиётшиносии мо хидмати мондагоре кардааст. Мероси гаронбаҳои ин олими тоҷик ба муҳаққиқони ҷавон намунаи ибрат аст. Масрур пайрави падар гашта ва роҳи пуршарафи ӯро идома дода, аммо ба фарқ аз қиблагоҳи хирадманди худ ба омӯхтани адабиёти садаи ХХ тоҷик рӯ овард ва бештар ба масъалаҳои худшиносии миллӣ тамаркуз гирифта, дар ҳаёти миллати тоҷик то чӣ андоза муҳим будани онро таҳқиқ намуд. Осори устод Садриддин Айниро аз ин нигоҳ омӯхтаву нахуст рисолаи номзадӣ дифоъ кард (соли 1996) ва навиштаҳои публитсистии як идда шахсиятҳои маъруф, аммо ба доми фаромӯшиҳо афтодаи тоҷикро, ки дар ибтидои асри ХХ зистаанд, низ мавриди таҳқиқ қарор дод. Аз зумраи чунин шахсиятҳои фаромӯшшуда Маъруф Расулӣ (1900-1937) ва Алӣ Исмоилзода (1903-1937) мебошанд, ки Абдуллозода пас аз омӯхтанҳои зиёд тавонист номи неку пайкори арзандаи ин абармардони фарзонаи тоҷикро дар асоси санадҳои муътамад барқарор ва ғолибан ба мо шиносонад.
Дар бораи онҳо рисолаи илмие иншо кардааст, ки «Фаъолияти публитсистии Маъруф Расулӣ ва Алӣ Исмоилзода (солҳои 20-30-юми асри ХХ)» ном дорад. Нашриёти «Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон» ин рисоларо зери як муқова бо забони русӣ чоп кардааст. Забони русиро интихоб кардани муаллиф низ бесабаб нест, чун ба ин васила доираҳои васеи илмӣ дар хориҷ аз кишвар низ аз корҳои мондагори публитсистони тоҷик воқиф хоҳанд гашт. Фаъолияти публитсистии Маъруф Расулӣ ва Алӣ Исмоилзода – ду тан аз мардони фозил ва ҷасур дар як замонаи хеле ҳассос ривоҷ ёфтааст. Соли 1917 дар Русияи подшоҳӣ табаддулоте бо номи Инқилоби Октябр сар зада, низоми давлатдории солҳо пойбарҷоро аз ҳам рехт ва ҳукумат ба дасти фирқаи болшевик гузашт. Аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Миёна чун хонигариҳои Қӯқанду Хива ва Аморати Бухоро ба гирдоби ногузири он печида, яке паси дигаре суқут карданд ва ҳузури Русияро дар минтақа ба таври бесобиқа боло бурданд. Ҳукумати нав ба тақсими милливу сарҳадии ин сарзамини куҳанбунёд оғоз кард. Дар ибтидои кор тоҷикон бе мактабу матлаб ва бидуни минбари тарғибот (рӯзномаҳо) дар ҳоли сардаргумие мезистанд. Он замонаҳои ҳассос ҳастии миллати тоҷик зери суол рафта буд. Назар ба таъкиди профессор Масрур Абдуллозода, дар қатори Устод Садриддин Айниву ҳаммаслакони ӯ мардони фозилу худогоҳ чун Маъруф Расуливу Алӣ Исмоилзода ҳам дар пеши сангари мубориза қарор гирифтанд ва аз ҳуқуқи тоҷикон – миллати бумии ин хок ва соҳиби адабиёту тамаддуни қадима дифоъ карданд.
Маъруф Расулии Самарқандӣ пас аз тамрини заковати худ дар мансабҳои баланди ҳукумати вақт дар Тошканд ба Самарқанд фиристода мешавад. Вай роҳбари Шуъбаи вилоятии таълими халқ таъин шуда, корҳои мондагореро ба сомон расонидааст.
Сарнавишти рӯзноманигор ва публитсисти дигари тоҷик Алӣ Исмоилзода низ ҳамранги тақдири Маъруф Расулӣ буда, вай ҳам қурбони дасисаҳои душманон ва оқибат соли 1937 эъдом мегардад. А. Исмоилзода корманди ҳизбӣ, рӯзноманигор ва мутарҷими хубе буд. Вай дар ташкил шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳиссаи муносиб гузоштааст.
Мо дар монографияи Абдуллозода «Фаъолияти публитсистии Маъруф Расулӣ ва Алӣ Исмоилзода (солҳои 20-30-юми асри ХХ)» далелҳоеро дучор омадем, ки ба ташкил шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» марбутанд. Чун дар матбуоти даврии он замон «масъалаи тоҷикон» доғ шуда буд, ҳукумат ба нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» иҷозат дод. Рӯзномаи «Зарафшон» аз 31 июли соли 2024 сар карда, дар ду шумораи худ ба забони тоҷикӣ эълонеро ба нашр расонидааст, ки дар он чунин гуфта мешавад: »Эълон: Барои газетаи ҳафтагии «Овози тоҷик» аз аввали моҳи август обуна қабул мешавад. Ҷои идора дар идораи газетаи «Зарафшон» мебошад». Ба ин тартиб, 25 августи соли 1924 рӯзномаи «Овози тоҷик» ба нашр расид ва ҳоло дар идомаи зиёдтар аз сад сол чун минбари баландпояи тоҷикони Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Нашри «Овози тоҷик» минбаъд ба бедориву худшиносии тоҷикони минтақа мусоидат карда, ба як далел, рӯзномаи мазкур ба шиносномаи тоҷикон мубаддал гашт. Бо идомаи зиёдтар аз сад сол ин рӯзнома рисолати худро сарбаландона иҷро мекунад. Масъалаи забон, мактабҳои миллӣ ва боғчаҳо ба забони тоҷикӣ чун дар сад соли пеш имрӯз низ аз масоили доғе ба ҳисоб мераванд, ки «Овози тоҷик» пайваста аз он мавод нашр мекунад.
Китоби рисолаи илмию тадқиқотии профессор Масрур Абдуллозода «Фаъолияти публитсистии Маъруф Расулӣ ва Алӣ Исмоилзода (солҳои 20-30-юми асри ХХ)» дар шинохти ҳаёту фаъолияти ду рӯзноманигор, ки ба доми фаромӯшӣ рафта буданд, хеле арзишманд буда, якҷо бо инҳо дар асоси далоили фаровоне таърихи муборизаҳои фарзандони барӯманд дар роҳи худшиносии миллӣ ва ташкили давлатдории миллии худ сабт гардидааст.
Шариф Халил,
мухбири «Овози тоҷик».