Рамзи дӯстии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон

35-умин солгарди Истиқлолияти ватани азизамон ҷашни муҳиму тақдирсоз буда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ин муносибат дар авҷ аст.

Дар ноҳияи Қамашӣ бунёд ёфтани боз як коргоҳи марбут ба истеҳсоли гаҷ далели ин гуфтаҳост. Ширкати озарбойҷонии «Матонат» дар ин авохир тасмим гирифта буд, ки дар ноҳияи мазкур коргоҳи замонавиеро сохтаву ба истифода хоҳад дод, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти гаҷ истеҳсол мекунад. Бахши аввали лоиҳаи мазкур 20 миллион доллари ИМА қимат дошта, ҳамакнун бо саъю талошҳои мутахассисони соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Ҳоло коргоҳи нав маҳсулоти хушсифатеро, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, истеҳсол ва вориди бозорҳои ҷаҳониву ватанӣ месозад.
Дар арафаи ҷашни Истиқлол татбиқи бахши дуюми лоиҳа иҷозат гирифт, ки  25 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст. Минбаъд дар сехҳои ин коргоҳ истеҳлоли гипсокартон – маҳсулоти барои соҳаи сохтмон зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
 
Шариф Халил,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: