Адолат танҳо имрӯз не, меҳнати дирӯзро ҳам бояд қадр кунад

Ба қарибӣ Президент Шавкат Мирзиёев бо пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мувофиқсозии шартҳои пардохти меҳнат ва боз ҳам такмил додани низоми ҳифзи иҷтимоӣ шинос шуд.

Ҳангоми мутолиаи мазмуни ин пешниҳодҳо дар ман низ андеша ва пешниҳоде ба вуҷуд омад.
Ба назари ман, адолати иҷтимоии ҳар як ислоҳоти густурда пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки то кадом андоза манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои аҳолиро фаро мегирад.
Аз ин нуқтаи назар, имрӯз вақти он расидааст, ки ба вазъи иҷтимоии садҳо ҳазор шаҳрвандоне, ки 8-15 сол қабл ба нафақа баромадаанд, низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Зеро нафақаи онҳо бар асоси маоши солҳои гузашта ҳисоб карда шудааст, ки нисбат ба сатҳи имрӯзаи музди меҳнат хеле пасттар буд. Дар натиҷа, бисёре аз инсонҳое, ки тамоми умри худро софдилона меҳнат карда, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, имрӯз ҳам нафақаи нисбатан кам мегиранд.
Албатта, солҳои охир нафақа мунтазам индексатсия мешаванд. Ин, бешубҳа, як қадами мусбат ва қобили таҳсин аст. Аммо дар амал фарқияти байни шаҳрвандоне, ки солҳои пештар ба нафақа баромадаанд ва онҳое, ки дар солҳои баъдӣ ба нафақа баромадаанд, ҳанӯз ҳам ба таври назаррас боқӣ мондааст.
Ин ҳолат тақозо мекунад, ки масъала боз ҳам амиқтар таҳлил гардида, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда роҳҳои иловагии ҳалли он ҷустуҷӯ карда шаванд.
Имрӯз дар кишвари мо бар асоси принсипи неки «Барои қадри инсон» ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Ба таври комил татбиқ шудани ин ғоя на танҳо дар фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳое, ки имрӯз меҳнат мекунанд, балки дар қадршиносии шоистаи насли калонсол низ зоҳир мешавад.
Зеро маҳз ҳамин насли калонсол бо меҳнати фидокоронаи худ заминаи устувори рушди имрӯзаи кишварро гузоштааст.
Аз ин рӯ, ба назари ман, дар доираи такмили низоми ҳифзи иҷтимоӣ масъалаи бознигарии вазъи нафақаи шаҳрвандоне, ки 8-15 сол қабл ба нафақа баромадаанд, метавонад ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор гирад.
Зеро адолат танҳо дар ҷомеае пурра пойдор мегардад, ки на танҳо меҳнати имрӯз, балки меҳнати дирӯзро низ шоиста қадр карда тавонад.
Ва қадршиносии насли калонсол танҳо масъалаи нафақа нест. Ин пеш аз ҳама масъалаи эҳтиром ба инсон, эҳтиром ба меҳнат ва эҳтиром ба таърихи рушди ҷомеа мебошад.
 
Камолиддин Азизов,
рӯзноманигор.
Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: