Бо фармони Президент 852 нафар афв шуданд

Дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фармони Президент 852 нафар, ки аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, қатъиян ба роҳи ислоҳу тарбия гузаштаанд, афв гардиданд.

Аз шумораи афвшудагон 604 нафар пурра аз адои ҷазо озод карда мешаванд, 115 нафар бошанд, пеш аз муҳлат ба таври шартӣ аз адои ҷазо озод хоҳанд шуд.
Дар ин бора барномаи «Ахбор»-и шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24» хабар дод.
Ҳамчунин, ҷазои 52 нафар ба ҷазои сабуктар иваз карда шуда, муҳлати маҳрум сохтан аз озодии 81 нафар маҳкумшуда кӯтоҳ карда мешавад.
Дар байни афвшудагон 7 шаҳрванди хориҷӣ ва 63 нафар шахсе, ки дар фаъолияти ташкилотҳои мамнӯъ иштирок кардаанд, низ ҳастанд.
Аз ҷумлаи афвшудагон 375 нафар ҷавонон, 49 нафар занон ва 37 нафар мардони аз 60-сола боло мебошанд.
Фармони Президент дар арафаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ нисбат ба шахсоне, ки муҳлати ҷазои худро адо мекунанд, аз кирдори худ пушаймон шудаанд ва ба роҳи ислоҳу тарбия гузаштаанд, қабул гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: