Дар ҷараёни корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Бобуртепа, воқеъ дар ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё, боқимондаҳои як бинои қадимӣ ва намунаи нодири тасвири деворӣ кашф гардид.
Ҳангоми таҳқиқот дар девори ғарбии яке аз ҳуҷраҳои иншоот тасвири лола ва гулҳои сафед, ки рӯйи андоваи гилӣ кашида шудаанд, пайдо шуд. Гулҳо бо хатҳои борики мавҷдори сурхранг ба ҳам пайвастаанд. Баъдан рӯйи ин тасвири деворӣ қабати андоваи оҳакии сафед кашида шудааст.
Деворҳои ғафсу бошукӯҳи бино ва ороишоти он аз эҳтимоли он шаҳодат медиҳанд, ки ин иншоот дар асрҳои IV–V милодӣ ҳамчун ибодатгоҳ истифода мешудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, идомаи корҳои ҳафриётӣ ва таҳқиқот имкон медиҳад, ки вазифаи аслии иншоот, сохтори меъморӣ ва аҳамияти таърихии он дақиқтар муайян карда шавад.
Таҳқиқоти бостоншиносиро корманди Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Самарқанд Санҷар Абдураҳимов анҷом медиҳад.