Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳаво нисбатан хушк ва каме гармтар аз меъёр пешбинӣ мешавад.
Дар даҳаи аввали моҳ ҳаво асосан камабр буда, дар шароити ҳарорати мусоид ҳавои хушк ҳукмфармо хоҳад буд. Шабона ва субҳи барвақт ҳарорати ҳаво 15–20 дараҷаро ташкил дода, салқинии форам эҳсос мешавад. Рӯзона бошад, зери таъсири нури офтоб ҳарорат то 30–35 дараҷа ва дар баъзе рӯзҳо то 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар даҳаҳои дуюм ва сеюми сентябр ҳарорати ҳаво нисбатан устувор боқӣ мемонад. Дар ин давра ҳарорати шабона асосан 10–15 дараҷа ва рӯзона 25–30 дараҷа пешбинӣ шудааст.
Дар баъзе рӯзҳои моҳ эҳтимоли боридани боронҳои нисбатан шадид дар давоми 1–3 рӯз вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ бошад, эҳтимоли боришот дар моҳи сентябр хеле кам арзёбӣ мешавад.