Ин рӯзнома ҳоло чӣ ҳол дорад?
Имрӯз рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки дар Ӯзбекистон ва бо забони тоҷикӣ нашр мешавад, 102-сола шуд. Шумораи аввали ин нашрия 25-уми августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд чоп шуд ва он замон номи рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” буд. Матлаби зерин, ду сол пеш ба муносибати 100-солагии ин рӯзнома таҳия шуда буд, ки имрӯз ба муносибати таъсисёбии он бознашр мешавад.
“Овози тоҷик” аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ буд, ки дар номи он калимаи тоҷик истифода гардид. Давоми сад сол ин нашрия чанд маротиба тағйири ном кард, дар вазъи гуногуни сиёсӣ интишор шуд ва доираи хонандагону масоили мавриди таваҷҷуҳаш ҳам тағйир ёфт, аммо асолату рисолати аслии он дигар нашуд. Ин нашрия ҳамеша бо забони тоҷикӣ нашр шуд ва барои пойдории забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, ки миллионҳо тоҷик зиндагӣ доранд, саҳм гузошт.
Имрӯз “Овози тоҷик” бо сарпарастии ҳукумати Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд нашр мегардад ва сиёсати ҳукуматро инъикос мекунад. Дар баробари ин, аз рӯзгори тоҷикони Ӯзбекистон маводҳо нашр карда, забону фарҳанги тоҷикро тарғиб менамояд.
Шумораи нахустини рӯномаи “Овози тоҷик” 25-уми августи соли 1924, баъди баста шудани “Шӯълаи инқилоб”, рӯзномаи дигари тоҷикзабон дар соли 1921, дар шаҳри Самарқанд чоп шуд. Номи рӯзнома он замон “Овози тоҷики камбағал” буд.
Иброҳим Усмонов, устод ва муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, мегӯяд, ин “Овози тоҷики камбағал” аввалин рӯномае буд, ки дар унвони он номи тоҷик зикр мешуд.
“То пайдо шудани “Овози тоҷики камбағал” тамоми нашрияҳо, аз ҷумла “Бухорои Шариф”, “Оина”, “Самарқанд”, “Шӯълаи инқилоб”, “Баҳри Хазар” забонашонро форсӣ мегуфтанд, аммо калимаи “тоҷик”-ро истифода намекарданд. “Овози тоҷики камбағал” аввалин нашрия буд, ки калимаи “тоҷик”-ро истифода кард ва он ҳам дар унвони рӯзнома зикр шуда буд. Соли 1924 Тоҷикистон, яъне давлати тоҷикӣ пайдо шуд. Аз ин лиҳоз, ин рӯзномаро номи дигар додан мумкин набуд ва чунин унвон гирифтанаш бозгӯи он буд, ки маҳз барои халқи тоҷик аст”, – мегӯяд Иброҳим Усмонов.
Нӯҳ шумораи аввал рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” ном дошт. Чаро “камбағал”? Ба қавли Иброҳим Усмонов, рӯзномаро Инқилоби Октябр ба вуҷуд овард. Инқилоби октябр инқилоби халқи камбағал буд. Аз ин сабаб, дар номи нашрия калимаи камбағал илова гардид.
Аммо баъди нашри нӯҳ шумора, шумораи даҳуми рӯзнома 7-уми ноябри соли 1924 бо номи “Овози тоҷик” чоп шуд.
“Овози тоҷик” дар Самарқанд бо теъдоди 2 ҳазор нусха нашр мешуд ва котиби масъулу муҳаррири аслии рӯзнома Саидризо Ализода, аз эрониҳои Самарқанд буд. Бо рӯзнома Абдулқаюми Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллоев, устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода барин зиёиён ҳамкории зич доштанд. Он ҳамчунин дар Фарғона, Хуҷанду Намангон Тошканду Душанбе паҳн мешуд.
Муҳаққиқони журналистикаи тоҷик мегӯянд, он замон яке аз вазифаҳои асосии рӯзнома мубориза барои ташкили мактаб буд. Ин рӯзнома дар муайян кардани номи забон ва хати мо нақши муҳим дошт. Ин нукта дар “Сабақҳои “Овози тоҷик” – маҷмӯи мақолаҳое, ки ин рӯзнома оид ба забони тоҷикӣ, муносибати забони тоҷикӣ бо форсӣ, мавқеи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна интишор намудааст, таъкид гардидааст.
“Овози тоҷик” бештар мӯҳтавои фарҳангӣ омода мекард. Ба вуҷуд омадани мактаб, театри тоҷикӣ, нашри китоб ба забони тоҷикӣ аз мавзуъҳои меҳварии рӯзнома буданд...”, – мегӯяд Иброҳим Усмонов.
Ӯ таъкид мекунад, ки “бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон матбаа ва рӯзномаи “Овози тоҷик” бояд ба Душанбе кӯчонида мешуд, вале зиёиёни Самарқанд нахостанд ин рӯзнома аз Самарқанд берун барояд, зеро барои Ӯзбекистон низ рӯзномаи тоҷикӣ лозим буд”.
Аз соли 1931 то соли 1950 он бо номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, солҳои 1950-1964 “Ӯзбекистони Сурх”, солҳои 1964-1991 боз бо номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” нашр мегардид.
Солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта “Овози тоҷик” қариб 50 ҳазор нусха нашр мешуд ва дар инъикоси масоили миллӣ хеле фаъол буд. Ин буд, ки соли 1991 он ба номи аслии худ – “Овози тоҷик” баргашт.
Имрӯзи “Овози тоҷик”
Имрӯз “Овози тоҷик” ҳафтае ду маротиба дар Тошканд нашр мешавад ва се муассис дорад: Палатаи қонунгузор ва Маҷлиси миллӣ (Сенат)-и Маҷлиси Олӣ ва Девони Вазирони Ӯзбекистон.
Теъдоди нашри он то ду сол пеш беш аз 4 ҳазор нусха буд, ки муассисонаш маблағгузорӣ мекунанд.
Мисли ҳар расонаи расмии давлатӣ, “Овози тоҷик” ҳам сиёсати давлати Ӯзбекистонро бо забони тоҷикӣ инъикос мекунад. Дар баробари ин, маводҳои фарҳангӣ, шеъру ҳикояҳо ва мақолаву очерку лавҳаҳое, ки аз вилоятҳо ирсол мегарданд, нашр менамояд.
Ба гуфтаи Шерпӯлод Вакилов, сармуҳаррири рӯзнома, мушкилоти дигари рӯзнома норасоии мутахассисони ҷавон аст. Ҳоло қариб 70 дарсади кормандони “Овози тоҷик” нафақахӯр ё аз 60-сола боло мебошанд.
“Азбаски дар Тошканд муҳити адабии тоҷикӣ нест, пайдо кардани мутахассисони ҷавон ниҳоят душвор буда, хоҳишмандон аз вилоятҳо бо сабаби мушкили будубош ва манзил ба пойтахт намеоянд”, – мегӯяд Шерпӯлод Вакилов.
Аммо бо ин ҳама мушкилот, дастандаркорони рӯзномаи “Овози тоҷик” бо дасту дили гарм фаъолият доранд ва барои тоҷикони Ӯзбекистон ва берун аз он нашрия омода мекунанд. Онҳо умедворанд, ки тоҷикони бонангу номус “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ мекунанд ва барои шунида шудани он даст ба ҳиммат мешаванд. Зеро ба қавли Устод Айнӣ, ки дар таъсису пойдории “Овози тоҷик” саҳми арзанда гузоштааст: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат гӯё забони эшон аст. Ҳар қавм ва миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад”.
Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аҳли эҷод ва хонандагону ҳаводорони “Овози тоҷик”-ро бо ҷашни 102-солагӣ табрик мегӯяд.