Стартапи «Speko»-и муассиси ӯзбекистонӣ дар «Product Hunt» муаррифӣ шуд

  • Стартапи «Speko»-и муассиси ӯзбекистонӣ дар «Product Hunt» муаррифӣ шуд
  • Стартапи «Speko»-и муассиси ӯзбекистонӣ дар «Product Hunt» муаррифӣ шуд
  • Стартапи «Speko»-и муассиси ӯзбекистонӣ дар «Product Hunt» муаррифӣ шуд
  • Стартапи «Speko»-и муассиси ӯзбекистонӣ дар «Product Hunt» муаррифӣ шуд

Муассиси ӯзбекистонӣ Бекназар Абдикамолов, ки стартапаш ба барномаи машҳури акселератсионии «Y Combinator» пазируфта шудааст, лоиҳаи нави худ — «Speko»-ро дар платформаи «Product Hunt» муаррифӣ кард.

Ин стартап барои «Speko Voice AI» инфрасохтор фароҳам оварда, ба барномасозон имкон медиҳад, ки дар байни провайдерҳои гуногуни овозии зеҳни сунъӣ барои забони муайян ва сенарияи мушаххаси истифода варианти самараноктаринро интихоб кунанд.
Платформа тавассути як «API» маҷмӯи оптималии моделҳои «Speech-to-Text», «LLM» ва «Text-to-Speech»-ро муайян мекунад. Ҳамзамон, моделҳои нав мунтазам аз рӯйи нишондиҳандаҳое чун сатҳи хатогӣ («Error Rate»), таъхир («Latency»), вақти гирифтани аввалин токен («Time to First Token») ва арзиши як дақиқаи истифода санҷида мешаванд. Натиҷаҳои ин санҷишҳо дар сомонаи «benchmarks.speko.ai» ба таври ошкор нашр карда мешаванд.
Агар модели дигар натиҷаи беҳтар нишон диҳад, система масири коркардро ба таври худкор тағйир медиҳад ва аз барномасозон талаб намешавад, ки интегратсияро аз нав нависанд. Дар сурати аз кор мондани яке аз провайдерҳо, система метавонад дар муддати камтар аз 500 миллисония ба варианти эҳтиётӣ гузарад.
— Ҳеҷ як провайдер наметавонад дар ҳамаи самтҳо беҳтарин бошад. Сифат низ аз бисёр ҷиҳат ба забон вобаста аст. Мо ҳар як дархостро ба ҳамон маҷмӯи технологияҳое равона мекунем, ки дар ҳамон лаҳза натиҷаи беҳтарин нишон медиҳад ва маълумоти тасдиқкунандаи инро ба таври шаффоф нашр мекунем, — мегӯяд муаллифи лоиҳа.
Қобили зикр аст, ки идеяи «Speko» дар асоси таҷрибаи Бекназар Абдикамолов дар ширкати «Hupo» ташаккул ёфтааст. Ӯ дар ин ширкат тӯли чор сол ба ҳайси ҳаммуассис («co-founder») ва директори фаннӣ («CTO») фаъолият кардааст. Дар ин давра «Hupo» тавонистааст 14 миллион доллар сармоягузорӣ ҷалб намояд ва барои ширкатҳое чун «Morgan Stanley», «Prudential», «HSBC» ва «Grab» як қатор роҳҳалҳои «Voice AI»-ро бо дастгирии чандин забон таҳия кунад.
«Speko» соли ҷорӣ дар шаҳри Сан-Франсиско таъсис ёфта, ҳоло дар ҳайати дастаи стартап чаҳор муҳандис аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд.
Муаррифии «Speko» дар «Product Hunt» барои стартап марҳилаи муҳими навбатӣ ба ҳисоб меравад.

Раҳматҷон БОБОҶОНОВ, «Халқ сӯзи».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: