Олимони чинӣ дар Роҳи Каҳкашон «мавҷҳои кайҳонӣ»-ро кашф карданд

Олимони чинӣ бори аввал дар диски берунии Роҳи Каҳкашон мавҷҳои васеи сохториро ошкор карданд.

Ин бозёфт барои омӯзиши сохтори сеченакаи Галактика ва равандҳое, ки ба таҳаввулоти динамикии он таъсир мерасонанд, имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Тадқиқотро олимони Расадхонаи Кӯҳи Бунафш (Purple Mountain Observatory — PMO)-и Академияи илмҳои Чин анҷом додаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот 7 август дар маҷаллаи илмии Nature Astronomy нашр шуданд, хабар медиҳад Kazinform.
Шакли умумии Роҳи Каҳкашон ба диски деформатсияшуда монанд аст: як тарафи он ба боло ва тарафи дигар ба поён хам шудааст. Ин гуна деформатсияи миқёсан бузургро «каҷшавӣ» меноманд. Бо вуҷуди ин, то имрӯз мушоҳидаҳои низомманд ва таҳқиқоти ададӣ оид ба сохторҳои хурдтари амудӣ дар дохили Галактика ба таври кофӣ анҷом дода нашуда буданд.
Олимон маълумоти марбут ба беш аз 30 ҳазор абри молекулавиро таҳлил намуда, ҷойгиршавии онҳоро дар фазои сеченака муайян карданд. Барои ин аз натиҷаҳои мушоҳидаҳое истифода шуд, ки тавассути телескопи миллиметрии 13,7-метрии расадхона дар хатти спектралии оксиди карбон (CO) анҷом дода шудаанд.
Оксиди карбон яке аз нишондиҳандаҳои асосии гази молекулавии сард ба шумор меравад, ки маводи ибтидоӣ барои ташаккули ситораҳои нав мебошад. Тадқиқот тақрибан нисфи диски берунии Роҳи Каҳкашонро фаро гирифта, минтақаҳои то масофаи 26 килопарсек аз маркази Галактикаро дар бар мегирад.
Бар асоси маълумоти бадастомада, муҳаққиқон модели глобалии каҷшавии гази молекулавӣ дар диски беруниро таҳия карданд. Пас аз ба назар гирифтани деформатсияи васеъмиқёс, дар сохтори мазкур каҷравиҳои амудии равшане ошкор шуданд, ки ба мавҷҳои хурд дар рӯи об монанданд.
Ба гуфтаи олимон, ин сохторҳо метавонанд бозтоби мавҷҳои каҷшавии миқёсан бузург бошанд, ки бар асари таъсири ҷозибаи беруна ба вуҷуд меоянд. Яке аз манбаъҳои эҳтимолии чунин таъсир метавонад ҳамкории Роҳи Каҳкашон бо галактикаҳои ҳамроҳ, аз ҷумла галактикаҳои хурде бошад, ки аз наздикии он мегузаранд.
Ҳамин тавр, сохторҳои мавҷмонанди кашфшуда метавонанд ҳамчун «осор»-и таъсири мутақобилаи ҷозибавӣ арзёбӣ шаванд, ки дар диски берунии Роҳи Каҳкашон паҳн мешаванд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: