Дар рӯзҳои ид барои сафар дар саросари Ӯзбекистон имкониятҳои иловагии нақлиётӣ фароҳам оварда мешаванд

Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои аҳолӣ барои сафар дар саросари Ӯзбекистон дар рӯзҳои ид, рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомад ба минтақаҳои сайёҳӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили хатсайрҳои иловагӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоӣ таҳия шудааст.

Дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ба қаторҳое, ки дар хатсайрҳои «Тошканд–Хива–Тошканд», «Тошканд–Қӯнғирот–Тошканд», «Тошканд–Шовот–Тошканд», «Тошканд–Тирмиз–Тошканд» ва «Тошканд–Сариосиё–Тошканд» ҳаракат мекунанд, то 4 вагони иловагӣ пайваст карда мешавад.
Ҳамчунин дар хатсайрҳои «Тошканд–Самарқанд–Тошканд», «Тошканд–Бухоро–Тошканд» ва «Тошканд–Урганч–Тошканд» ҳаракати иловагии электропоездҳои баландсуръат ба роҳ монда мешавад. Қатори иловагии электропоездҳо ду рӯз пеш аз ид оғоз гардида, дар давоми ду рӯзи баъди ид низ мунтазам идома хоҳад ёфт.
Дар нақлиёти автомобилӣ дар ҳамаи хатсайрҳои байнивилоятӣ ҳаракати иловагии автобусҳо ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳани «Тошканд–Ҷанубӣ» барои автобусҳои байнивилоятӣ ҷойи эҳтиётии таваққуф ҷудо карда шуда, на камтар аз се рӯз пеш аз ид автобусҳои хатсайрҳои «Тошканд–Самарқанд–Бухоро–Урганч–Нукус» ба ин ҷой интиқол дода мешаванд.
Имкониятҳои сафар ба самтҳои сайёҳӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ низ васеъ карда мешаванд. На камтар аз ду рӯз пеш аз ид дар хатсайрҳои «Тошканд–Урганч», «Тошканд–Нукус», «Тошканд–Бухоро» ва «Тошканд–Тирмиз» парвозҳои иловагӣ анҷом дода мешаванд.
Чораҳои мазкур ба зиёд намудани сафарҳои аҳолӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои ид, рушди сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои боздид аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии сайёҳии Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: