Яке аз ташкилотчиёни матбуоти тоҷик

Газетахони муҳтарам, имрӯз на ҳамаи мо медонем, ки ташкил кардану нашри аввалин матбуоти тоҷик дар солҳои бистуми асри гузашта чӣ қадар душвориҳои моддӣ ва маънавиро паси сар кардааст. Ёфтани маблағу коғаз, ходимони хушқалам, ба мардум дастрас кардани газета дар он солҳо бисёр матонати миллиро талаб мекард.

25 августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси фарзандони асили миллат рӯзномаи «Овози тоҷик» – яке аз аввалин матбуоти тоҷик нашр гашта, дастраси мардум мегардад. Баробари С. Айнӣ, С. Ализода, М. Беҳбудӣ, Абдуқаюм Қурбӣ ва дигарон дар ташкили газетаи «Овози тоҷик» фарзанди вафодори миллат Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам буд, ки ҳоло ин нашрия 102-сола гардид.

Ин марди накӯ соли 1899 дар деҳаи Поршневи кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё меояд. Оилаашон хеле қашшоқ будааст, аз ин рӯ, дар солҳои гуруснагӣ се бародар ва панҷ хоҳараш вафот кардаанд. Шириншоҳи соли 1908 аз падар ва соли 1909 аз модар маҳрумгардидаро сарҳадбонони рус ба тарбияи худ мегиранд. Ӯ соли 1911 ба мактаби русии назди заставаи сарҳадбонон ба хондан медарояд. Шириншоҳро капитан Топорин ба тарбияи худ мегирад.

Соли 1914 Шириншоҳ ба Тошканд меояд ва ба омӯзишгоҳи русӣ дохил мешавад, дертар кондуктори трамвай, коргари завод, коргари роҳи оҳан шуда кор мекунад ва ба ҳаракатҳои сиёсии коргарӣ ошно мегардад.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1917-1937 аз коргари одӣ то мақоми роҳбари ҳукуматӣ ва давлатӣ мерасад. Дар байни солҳои бистуми асри гузашта бо ташаббуси Шириншоҳ Шоҳтемур дар бисёр вилоятҳои минтақа – Фарғона, Самарқанд, Сурхондарё, Ҳисору Кӯлоб, Қаротегину Бадахшон, Қӯрғонтеппаю Қубодиён мактабҳои ибтидоии тоҷикӣ кушода мешавад. Барои хонандагони ин мактабҳо китобҳои дарсӣ нашр мегарданд. Маҳз бо ғамхорӣ ва давутози Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1930 газетаҳои «Деҳқони камбағал», «Барои коллективонӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», соли 1932 газетаи «Барои маорифи коммунистӣ», «Бадахшони Сурх» нашр мегарданд.

Шириншоҳ Шоҳтемур роҳбари донишманд, ростқавлу ҳақиқатпараст буд. Ӯ фикрҳои худро дар маҷлису анҷуманҳои ҳукуматию партиявӣ рӯйирост баён мекард ва манфиати миллатро аз ҳама боло мегузошт. Аз ин ҷо, ин гуна рафтори ӯ ба баъзеҳо хуш намеомад. Бинобар ин, дар нимаи дуюми солҳои сиюми асри гузашта дар қатори бисёр фарзандони намоёни миллат ӯ ҳам гирифтори сиёсати саркӯби Шӯро мегардад. Ба ӯ бӯҳтони миллатчии аксулинқилобии буржуазиро гузошта, соли 1937 ҳукми парронданро содир мекунанд.

Дар нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми асри бист дар қатори дигарон номи ӯ ҳам сафед карда мешавад.

Баъди истиқлолияти Тоҷикистон дар қатори С. Айнӣ, Нусратулло Махсум ба Шириншоҳ Шоҳтемур низ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода мешавад.

 

Назирҷон Эргашев.

Вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: