Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд

  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд
  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд
  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шиори «Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» тадбиру чорабиниҳои идона беш аз пеш вусъат пайдо кардаанд. Яке аз чунин тадбирҳои идона дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сӯх ба вуқӯъ пайваст. Ба ин чорабинӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон низ даъват карда шуданд.

 Ноиби ҳокими ноҳия Илҳомҷон Тоҷибоев аввал иштирокчиёни тадбирро бо иди бошукӯҳ табрику муборакбод намуд. Баъд дар бораи он ҳарф занд, ки ноҳия мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев қарор гирифтааст ва дар ин замина дар шаҳраку деҳоти Сӯхи шариф корҳои ободонӣ ва созанда ба анҷом мерасанд.

 Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳҳои эҷодии ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти дастии занон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ низ ташкил карда шуданд. Инчунин барномаи консертӣ, ки бо ширкати овозхонҳои маърпуфи вилоят баргузор шуд, ба ҷамъи иштирокчиён ва меҳмонони он таассуроти хуб бахшид.

 Дар майдони марказии «Ёшларобод»-и ноҳияи Фарғонаи вилоят низ бо иштироки фаъолони истеҳсолот, онҳое, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва амсоли он фаъолона кору заҳмат мекашанд ва мардуми зиёд чунинчорабинии идона роҳандозӣ гардид. Дар он ҳокими ноҳия Нодирҷон Машрапов ҳозиринро бо ин иди бошукӯҳ самимона табрик гуфт. 

 -Дар солҳои истиқлолият дар кишвари мо ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ гардида, корҳои хайре, ки ба таъмини некӯаҳволии мардуми мо, ободонии минтақаҳо ва ҷалоли шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, идома доранд. Ҳоло саросари шаҳристону деҳоти ноҳия ободу зебо гаштааст ва дар ҳар дару ҳавлии мардум шукӯҳи истиқлол намоён мегардад,-изҳор намуд Нодирҷон Машрапов.

 Дар барномаи идона дар баробари ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия, Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона, ситораҳои эстрада, инчунин ҳунармандон аз Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон иштирок карданд ва ба ҳама рӯҳияи идона бахшиданд.

 Дар тадбири идонаи ноҳияи Укӯприк баромадҳои театри ҳаҷвии "Ҳангома", ансамбли суруд ва рақси "Тановор", инчунин барномаҳои консертии омодакардаи ташкилотҳои таълимии томактабӣ ва сурудҳое, ки кӯдакии хушбахтонаро ситоиш мекунанд, табъи мардумро хеле болида намуданд. Гузашта аз ин, дар чорабинии мазкур намоишҳои рассомони ҷавон ва умедбахш низ ба тадбири идона шукӯҳи тоза бахшид.  

 Ҳоло ҷашнҳои идона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шукӯҳу таровати хос идома доранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: