Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ 29-30 август бо сафари давлатӣ ба мамлакати мо меояд.
Дар рӯзномаи музокироти дарпешистода масъалаҳои рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҳиндустон, инчунин тавсеаи ҳамкории бисёрҷанба ҷой гирифтаанд.
Ба густариши мулоқоти мунтазами сиёсӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ, пешбурди барномаҳои мушаххас ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, саноати кимиё, геология, тандурустӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт диққати махсус дода мешавад.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷониба табодули афкор менамоянд.
Дар анҷоми мулоқот имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.