Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба 24 ҳазору 647 нафар расидааст.
Қисми бештари онҳоро шаҳрвандони Ҳиндустон ташкил медиҳанд — 13 ҳазору 60 нафар. Дар ҷойҳои баъдӣ шаҳрвандони Туркманистон — 4 ҳазору 884 нафар, Покистон — 1 ҳазору 165 нафар ва Қазоқистон — 1 ҳазору 129 нафар қарор доранд.
Дар миёни донишҷӯёни хориҷӣ соҳаи тиб маҳбубтарин самти таҳсил ба шумор меравад. Дар ин самт 16 ҳазору 476 донишҷӯи хориҷӣ, ё қариб 67 дарсади теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ, таҳсил мекунанд.
Аз рӯи шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ҷойҳои аввалро муассисаҳои зерин ишғол мекунанд:
- Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд — 4 ҳазору 155 нафар;
- Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд — 4 ҳазору 153 нафар;
- Донишгоҳи миллии тадқиқотии Тошканд оид ба ирригатсия ва механиконии кишоварзӣ (ТИҚХММИ) — 2 ҳазору 886 нафар;
- Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро — 2 ҳазору 178 нафар;
- Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон — 1 ҳазору 917 нафар.
Ба даҳгонаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои шумораи бештари донишҷӯёни хориҷӣ инчунин Донишкадаи тиббии саломатии ҷамъиятии Фарғона, Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон, Донишкадаи давлатии тиббии Урганч, филиали Тирмизи Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд шомил мешаванд.
Натиҷаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз рӯи ин нишондиҳанда, инчунин рейтинги онҳо дар бахшҳои гуногун дар шарҳи муфассали иттилоотию таҳлилӣ, ки ба мавод замима шудааст, пешниҳод мегарданд.
Мавод бар асоси маълумоти HEMIS таҳия шудааст.