Пешгирии фарбеҳӣ аз риояи тарзи ҳаёти солим оғоз меёбад

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 64 дарсади аҳолии Ӯзбекистон вазни зиёдатӣ доранд. Қариб 3 миллион кӯдаку наврас, инчунин беш аз 40 дарсади занони аз 15 то 49-сола аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

Кишвари мо  дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал ва дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойи 59-ум меистад. Албатта, фарбеҳӣ ва вазни зиёдатӣ талафоти калони иқтисодиро ҳам ба бор меорад.
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо духтури тоифаи олӣ, эндокринологи филиали Маркази ихтисосонидашудаи илмию амалии тиббии эндокринологии ҷумҳурӣ дар Самарқанд Аъзам ҲАМЗАЕВ суҳбат оростем.

– Аъзам Эшонқулович, биёед, суҳбатро аз муқаддима оғоз кунем. Бигӯед, ки худи фарбеҳӣ чист?

– Фарбеҳӣ ҳолатест, ки дар организм равғани зиёдатӣ ҷамъ шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Сабаби асосии он вайрон шудани низоми байни неруи аз ғизо гирифташуда ва қувваи сарфшудаи организм мебошад. Вақте инсон бештар аз талаботи бадан хӯрок  мехӯрад ва фаъолияти ҷисмониаш кам аст, вазнаш зиёд мешавад. Ирсият, стресс, камхобӣ ва баъзе бемориҳои гормонӣ ҳам боиси фарбеҳӣ мегарданд.

– Имрӯз бисёриҳо соҳиби вазни зиёдатӣ шудаанд. Фарбеҳӣ ба саломатии инсон чӣ таҳдидҳо дорад?

 – Имрӯз бисёр одамон вақти зиёди худро паси компутер ё телефон мегузаронанд ва ҳаракати ҷисмониашон коҳиш ёфтааст. Ин ҳолат махсусан миёни кӯдакон, ҷавонон, ҷавонзанон бештар ба назар мерасад. Фаромӯш набояд кард, ки оқибатҳои фарбеҳӣ иллатҳои дигарро ба бор меоваранд. Фишорбаландӣ, бемориҳои дилу раг, диабети қанд, хасташавӣ ва паст шудани қобилияти корӣ аз қабили чунин бемориҳо дониста мешаванд. Ғайр аз ин, фарбеҳӣ ба ҳолати рӯҳии инсон низ таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб, бо ҳар роҳу воситае бояд онро пешгирӣ кард. Пешгирии фарбеҳӣ аз риояи тарзи ҳаёти солим оғоз меёбад.

– Оё дуруст аст, ки шахсони зиёдвазн бештар ба бемории диабети қанд гирифтор мешаванд?

– Бале. Чи тавре ки гуфтем, фарбеҳӣ яке аз муаммоҳои маъмултарини саломатии замони ҳозира буда, омили асосии хатари пайдоиши бемории диабети навъи 2 ба ҳисоб меравад. Равғани зиёдатии бадан ҳассосияти организмро ба инсулин коҳиш медиҳад, ки боиси баланд шудани сатҳи қанди хун мегардад.

Аломатҳои асосии диабети навъи 2 ташнагӣ,  зуд-зуд пешоб кардан, гуруснагии доимӣ, хастагӣ, хира шудани чашм ва суст шифо ёфтани захмҳо мебошанд. Агар ин беморӣ саривақт табобат карда нашавад, он метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, норасоии гурда, аз даст додани биноӣ ва осеби системаи асаб оварда расонад.

Барои пешгирии ин беморӣ нигоҳ доштани вазни мувофиқ,  парҳези дуруст, машқҳои ҷисмонии мунтазам, маҳдуд кардани ширинӣ ва хӯроки серравған, инчунин мунтазам назорат кардани сатҳи қанди хун зарур аст.

Риояи тарзи ҳаёти солим роҳи самараноки пешгирии фарбеҳӣ ва диабети қанди навъи 2 мебошад.

– Дараҷаҳои фарбеҳӣ низ ҳастанд?

– Бале, фарбеҳӣ ба дарҷаҳои якум, дувум ва савум ҷудо мешавад. Аслан, инро фарбеҳӣ не, балки вазни барзиёди тана мегӯянд.

– Фарбеҳӣ, яъне вазни зиёдатии инсон чӣ гуна муайян карда мешавад?

– Индекси массаи бадан (BMI) усули маъмули ченкунии фарбеҳӣ мебошад. BMI бо роҳи тақсим кардани вазни шахс (дар килограмм) ба квадрати қади ӯ (бо метр) ҳисоб карда мешавад. Пас аз он натиҷаи бадастомада бо таснифи вазни диаграммаи BMI муқоиса карда мешавад. Диаграммаи BMI ба камвазн, вазни муқаррарӣ, вазни зиёдатӣ ва фарбеҳии аз ҳад зиёд дар асоси буришҳои мушаххас тасниф шудааст. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатҳо фоизи равғани бадан бояд муайян карда шавад.

– Барои фаҳмотар шудани нишондиҳандаи вазни тана дар ин хусус муфассалтар маълумот медодед?

– Масалан, агар индекси вазни тана 18,5-ро ташкил кунад, вазни тана  ба дараҷаи зарурӣ нест. Ва хавфи гирифтори касалиҳои раги хуну дил шудан камтар мебошад. Вале ба муаммоҳои клиникии дигар гирифтор гардидан баланд аст. Агар аз 18,5 то 24,9 бошад, ин вазни муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Агар 25,0-29,9 бошад, баланд арзёбӣ мегардад.

Дараҷаи якуми фарбеҳӣ – 30,0-34,5 дараҷаи дувум 35,0–39,9 ва дараҷаи савум аз 40 болотар мебошад.

Барои муайян кардани дараҷаи фарбеҳӣ гирди камар низ чен карда мешавад. Асосан, фарбеҳӣ дар байни занон бештар мушоҳида мегардад. Фарбеҳии занонро баъзан гиноидӣ ва мардонро андроидӣ меноманд.

– Мардуми мо фарбеҳшавиро аз бисёр хӯрок хӯрдан медонанд. Оё ин ақида дуруст аст?

– Чи тавре ки дар боло гуфтем, хӯрокхӯрӣ ҳам боиси фарбеҳӣ мегардад. Хӯрокҳои серколория махсусан серравған, аз холестерин бой ва ё хӯрокҳои хамирӣ ҳангоми истеъмоли зиёд метавонанд боиси зиёд шудани вазн шаванд. Ин хӯрокҳоро баъди хӯрдан одам бояд ҳаракат кунад. Дар ҷойи кори камҳаракат кор кунад, ё каме хобад, хӯрок ба бофтаҳои равғанин табдил меёбад. Аз ин рӯ, камҳаракатӣ ва хӯрокхӯриҳои бенизом ба фарбеҳӣ оварда мерасонад. Сабзавот ва кабудиҳо, карам ҳисси сершавӣ медиҳанд, аммо каллорияашон нисбатан кам аст. Барои назорати вазн мусоидат мекунанд. Баъди хӯрок ҳаракат кардан муҳим аст. Агар шахс имкони 10 ҳазор  қадам задан надошта бошад, метавонад камтар – се-панҷ ҳазор қадам занад ва энергияи гирифтаашро сарф намояд.

– Баъзеҳо иддао мекунанд, ки баъди қабули сӯзандоруҳои «гарм» ё дигар доруҳо соҳиби вазни барзиёд шудаанд?

– Мардум баъзан ҳамаи доруҳои моро фарбеҳкунанда мепиндоранд. Вале ин нодуруст аст. Аммо баъзе гармонҳое ҳастанд, ки дар ҳақиқат одамро фарбеҳ мегардонанд.

Фарбеҳӣ ирсӣ ҳам мешавад. Масалан, дар оила одамони фарбеҳ зиёд бошанд, наслҳои онҳо низ  фарбеҳ мешаванд. Дар фарбеҳони дараҷаи савум баъзан ҳангоми хоб мушкилоти нафаскашӣ мушоҳида карда мешаванд. Дар ин хел одамон  пайдо шудани касалиҳои гипертонӣ, эндокринӣ, диабети қанд, бемориҳои буғум ва дигар мушкилоти саломатӣ зиёд мешаванд.

– Барои бартараф сохтани вазни барзиёд бисёриҳо ба парҳез рӯ меоранд. Баъдан шикоят мекунанд, ки парҳез ҳам фоида намебахшад.

 – Перҳез бояд аз тарафи мутахассис тартиб дода шавад. Вале бисёриҳо барои харобшавӣ пагоҳӣ хӯрок намехӯранд. Ин ҳам нодуруст аст. Дар таомҳои парҳезӣ, ки диетолог ё эндокринолог тартиб медиҳад, ҳатто фаъолии ҷисмонӣ низ ба назар гирифта мешавад. Баъзе дорувориҳои харобкунанда низ ҳастанд, вале онҳоро ҳам бо тавсияи мутахассисон қабул кардан зарур аст.

– Мегӯянд, ки одамони фарбеҳ умри дароз намебинанд, оё ин ақида асос дорад?

– Одам ҳар чӣ қадар фарбеҳ бошад, ҳамон қадар бо касалиҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардад. Муқовимати иммунитети инсон ба бемориҳо суст мешавад ва саломатии худро гум мекунад.

– Саволи охирин: ҳамчун мутахассис барои пешгирии вазни зиёдатӣ чӣ  маслиҳат медиҳед?

– Ҳама медонад, ки  пешгирии беморӣ аз табобат беҳтар аст. Ба одамоне, ки  хавфи фарбеҳшавӣ ё вазни зиёдатӣ доранд, тавсия мешавад, ки ҳамеша  як меъёри муайянро нигоҳ доранд. Барои пешгирии фарбеҳшавӣ пеш аз ҳама ба парҳези солим ва аз рӯи низом риоя кунанд.

Ҳадди ақал ҳафтае 150-300 дақиқа бо фаъолияти ҷисмонии мӯътадил машғул шаванд. Истеъмоли қанд ва хӯрокҳои серравғанро маҳдуд кунанд. Ҳар шаб 7-9 соат бихобанд. Идоракунии стресс ҳам муҳим аст. Инчунин, вазни баданро мунтазам назорат кунанд.

 

Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: