Зан модар аст, сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгар, аввалин омӯзгори фарзанд, парварандаи насли наврас, бунёдгузори иқтисоди оила ва ҷомеа ва чароғи илму маърифат.
Пеш аз оғози суҳбат овардани байтҳои шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералиро нисбати зан-модар бамаврид донистем:
Гар набошӣ, хона дорад бӯйи ғам,
Гар ту бошӣ, хона дорад бӯйи мушк.
Гар ту бошӣ, хок гирам зар шавад,
Гар набошӣ, зар бигирам хоки хушк...
Зан модар аст, сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгар, аввалин омӯзгори фарзанд, парварандаи насли наврас, бунёдгузори иқтисоди оила ва ҷомеа ва чароғи илму маърифат.
Нақши зан дар ҷомеаи муосир танҳо ба доираи оила маҳдуд намешавад. Имрӯз бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди маориф, илм, фарҳанг, иқтисод ва дигар самтҳо саҳми арзанда мегузоранд. Хусусан, занони омӯзгор ва олим дар тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ҳиссаи бузург доранд.
Дар таърихи фарҳангу маърифати халқҳои Осиёи Марказӣ занони донишманд ҳамеша ҷойгоҳи шоиста доштаанд. Онҳо бо ақлу заковат, дониш, матонат ва меҳнати созандаашон барои наслҳои баъдӣ роҳи илму маърифатро равшан кардаанд. Занони донишманд аксар вақт дар хонаводаҳои худ ва маҳаллаҳо ҳамчун омӯзгор (отун ё бибихалифа) фаъолият бурда, ба духтарон савод, қироат ва ҳунарҳои дастиро меомӯхтанд. Имрӯз низ ин анъана идома дорад.
Яке аз чунин бонувони соҳибмаърифат Зӯҳро Раҷабова мебошад, ки фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро бо масъулияти баланд идома медиҳад...
Зӯҳро дар яке аз рӯзҳои фасли баҳори соли 1976 дар хоҷагии «Малик»-и ноҳияи Сирдарё дар оилаи деҳқони одӣ дида ба дунё кушод. Ба гуфтаи худаш, кӯдакияш чун ҳамсолонаш дар кӯчаҳои тангу тор ва чанголуд, бо меҳру муҳаббати падару модар ва хоҳару бародарон гӯё бо як мижжа задан паси сар шуд. Аз волидон ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳру самимият ва қадршиносӣ барин хислатҳои некро омӯхт.
Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 21-ум ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таълими томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи миллии омӯзгории ба номи Низомӣ супурд ва донишҷӯ гардид. Дар ин маскани зиё бахши магистратураро низ хатм намуд, фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби зодгоҳаш оғоз кард. Ба шогирдон аз фанни санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дарс гуфт.
Омӯзгор пеш аз ҳама шахсест, ки ба дили шогирд тухми дониш, маърифат ва инсондӯстиро мекорад. Аз ин рӯ, фаъолияти ҳар омӯзгор масъулияти бузурги иҷтимоӣ дорад. Зеро насли имрӯз бо дониш ва тарбияе, ки аз омӯзгор мегирад, фардои ҷомеаро месозад.
Зӯҳро солҳо дар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ фаъолият бурд ва дар баробари ин корҳои илмиашро низ идома дод. Ба ҳайси муаллими калони мактаби президентии Тошканд аз фанҳои технологӣ дарс дод. Ҳоло дар Донишгоҳи миллии омӯзгории ба номи Низомӣ фаъолият мебарад.
Дар баробари таълиму тарбия, бо рафтору гуфтор ва намунаи зиндагии худ ба шогирдон таъсир мерасонад. Духтарони ҷавон дар симои чунин омӯзгорон мебинанд, ки донишандӯзӣ, меҳнат, касбият ва талош барои расидан ба ҳадафҳо метавонанд инсонро ба ҷойгоҳи баланд расонанд.
Ғолиби озмуни «100-то беҳтарин лоиҳаи инноватсионии занон», соли 2019 ба узвияти Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон пазируфта шуд. Инчунин, аз ҷониби Академияи рушд ва тадқиқот бо нишони сарисинагии «Барои саҳми муносиб дар рушди ҷомеа» мукофотонида шуд.
30 июли соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо бо нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» тақдиронида шуд.
– Зан пеш аз ҳама модар. Модар аввалин мактаби инсон аст. Кӯдак пеш аз он ки ба мактаб равад, аз модар сухан гуфтан, эҳтиром кардан, меҳрубонӣ ва фарқ кардани неку бадро меомӯзад. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи ҷомеа аз оила ва пеш аз ҳама аз модар оғоз меёбад. Мавқеи зан дар оила, хизмат ба аъзоёни оила ин як олами дигар. Ман даставвал роҳи илмомӯзиро интихоб кардам. Дертар оила барпо намудам ва имрӯз соҳиби се писар мебошам, – мегӯяд қаҳрамони лавҳаи мо.
– Дастовардҳои шумо дар соҳаи илм аз чӣ иборат, – пурсидем аз ӯ.
– Илм сарҳад надорад ва қобилияти инсон низ бо ҷинс муайян намешавад. Занони донишманд имрӯз дар соҳаҳои гуногуни илм фаъолияти пурсамар дошта, бо таҳқиқот, навоварӣ ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар Ӯзбекистон низ дар солҳои охир ба иштироки занон дар илм ва таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.
Зани донишманд танҳо соҳиби унвону дараҷаи илмӣ нест. Олим будан маънои онро дорад, ки инсон барои омӯхтан, ҷустуҷӯ ва ба дигарон дониш додан пайваста талош мекунад. Омӯзгор низ ҳамеша бояд омӯзанда бошад. Зеро замона тағйир меёбад, илму технология пеш меравад ва талаботи ҷомеа ба дониш низ рӯз ба рӯз меафзояд.
Дар симои занони донишманду омӯзгор мо метавонем ҳамон неруеро бубинем, ки ҷомеаро ба пеш мебарад: неруи дониш, меҳнат, сабр ва масъулият.
Доктори фалсафа доир ба илмҳои педагогӣ Зӯҳро Раҷабова низ ҳамчун намояндаи чунин қишри занони соҳибмаърифат метавонад намунаи ибрат барои насли ҷавон бошад.
Имрӯз ҷомеа ба занони донишманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат бештар ниёз дорад. Зеро тарбияи насли нав, рушди илму маърифат ва пешрафти ҷомеа бе иштироки фаъоли занон комил нахоҳад буд.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».