Манзилҳои нав барои оилаҳои ниёзманд

Дар ноҳияи Тӯрақӯрғон хонаҳои нав ба соҳибонаш супурда шуданд.

Дар кишвари мо рӯзи истиқлол ҳамчун ҷашни меҳр ва саховат таҷлил мегардад.

Ба хонаводаи Ҷононпошшо Мамаҷонова иди имсола фаромӯшнашаванда шуд. Ӯ дар маҳаллаи Маҷнунтол зиндагӣ мекунад. Ҷононпошшо ҳамсарашро аз даст дода, се фарзандашро танҳо ба воя мерасонад. Соҳибкорони саховатпеша вазъи иҷтимоии ин оиларо ба ҳисоб гирифта,  ба онҳо хонаи нав туҳфа карданд.

Хонаи Шарофиддин Қодиров низ пурра таъмир карда шуд.
Бинои бисёрошёна дар маҳаллаи Ӯзбекистон сохта шуда, ду хонааш ба нозирони маҳаллаҳои Сарой ва Қатағон, ки дар ҳамин ҳудуд фаъолият мекунанд, супурда шуданд.

Ҳамчунин ба ду ҷавоне, ки дар тарбияи бобову бибиҳояшон ба воя расидаанд, хонаҳои нав ҷудо карда шуд.

Ҳокими ноҳия Шералӣ Қосимов ба хонаводаҳо омада, соҳибони манзили навро бо иди истиқлолият табрик гуфта, туҳфаҳо супорид. Дар ноҳия чунин корҳои хайр идома доранд.

Шаҳло МАМАДҶОНОВА,

вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: