Маҷмӯи санадҳои муҳим барои таҳкими шарикии Ӯзбекистону Ҳиндустон қабул гардид

  • Маҷмӯи санадҳои муҳим барои таҳкими шарикии Ӯзбекистону Ҳиндустон қабул гардид
  • Маҷмӯи санадҳои муҳим барои таҳкими шарикии Ӯзбекистону Ҳиндустон қабул гардид
  • Маҷмӯи санадҳои муҳим барои таҳкими шарикии Ӯзбекистону Ҳиндустон қабул гардид
  • Маҷмӯи санадҳои муҳим барои таҳкими шарикии Ӯзбекистону Ҳиндустон қабул гардид

Пас аз анҷоми музокирот дар сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор гардид.

Ин санадҳо ба рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо равона шудаанд.

Аз ҷумла:

– Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

– Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2026–2030;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Аюрведа ва дигар намудҳои тибби анъанавӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

– Протокол оид ба гузаронидани таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди Фаёзтепа ва Қаратепа;

– Ёддошти тафоҳум оид ба муколамаи иқтисодӣ ва молиявӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2026–2028;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва захираҳои минералӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия ва Институти робитаҳои хориҷии ба номи Сушма Свараҷ;

– Созишнома оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ байни вилояти Самарқанд ва иёлати Гуҷарат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: