Селенит дар мубориза бо саратони шуш натиҷаи ғайричашмдошт нишон дод

Олимони Шветсия аз натиҷаи ғайриоддии истифодаи доруи селенит дар як бемори гирифтори яке аз марҳилаҳои охирини саратони шуш хабар доданд.

Гарчанде табибон ба бемор ҳамагӣ чанд моҳи умр монданро пешгӯӣ карда буданд, ӯ баъди табобат зиёда аз 10 сол зиндагӣ кардааст ва то ҳол дар бадани ӯ нишонаҳои саратон ошкор нашудаанд.
Бемор дар як тадқиқот иштирок кардааст, ки ба омӯзиши самаранокӣ ва бехатарии селенит дар мубориза бо омосҳое равона шуда буд, ки бо вуҷуди табобати стандартии зиддисаратонӣ афзоиш меёфтанд. Тибқи протоколи тадқиқот, ба ӯ селенити натрий ворид карда шуд. Баъдан табобат бо доруҳои гемситабин ва карбоплатин идома ёфт.
Дар ҷараёни табобат аввал афзоиши омос қатъ шуд. Сипас омос пурра аз байн рафт. Ҳамзамон, дар хуни бемор сатҳи сафедаи ҳалшавандаи sPD-L1, ки бо фаъолияти низоми масуният алоқаманд аст, ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Ба фарзияи олимон, селенит метавонад на танҳо ба ҳуҷайраҳои саратонӣ, балки ба вокуниши масунии организм низ таъсир расонида бошад. Аммо механизми дақиқи таъсири ин дору ва он ки чӣ гуна ба чунин натиҷа овардааст, ҳанӯз маълум нест.
«Ин ҳолат воқеан ғайриоддӣ аст. Пешбинӣ мешуд, ки бемор ҳамагӣ чанд моҳи дигар умр мебинад, аммо баъди табобат ӯ зиёда аз 10 сол бе нишонаҳои омос зиндагӣ кард», — гуфт ҳаммуаллифи тадқиқот Ола Бродин.
Олимон таъкид мекунанд, ки арзон будан ва осонии истифодаи селенит ин моддаро ба як самти ҷолиб барои таҳқиқоти минбаъда табдил медиҳад. Ҳоло муҳаққиқон мехоҳанд муайян кунанд, ки дар паси ин натиҷаи ғайриоддӣ чӣ гуна механизмҳои биологӣ қарор доранд.
Бо вуҷуди ин, мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин натиҷа ҳанӯз барои хулоса кардан дар бораи он ки селенит саратони шушро табобат мекунад, кофӣ нест. Ин танҳо як ҳолати алоҳидаи клиникӣ буда, барои тасдиқи самаранокӣ ва бехатарии дору гузаронидани таҳқиқоти васеи клиникӣ зарур аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: