Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр

Фарҳанги баргузории тӯй, тартибу интизом ва пешгирӣ аз исрофкорӣ ва риояи одобу ахлоқи динӣ ва миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа аст.

 Бояд хотиррасон кард, ки баъзе тӯйҳое, ки имрӯз бо ихтиёри соҳиби хона, ба гуфтаи мардум, ба тарзи «Амри маъруф» мегузаранд, тӯйи «исломӣ» меноманд, ки ин хел ном ниҳодан ба маърифат рост намеояд, балки ин тӯйҳоро метавон тӯйи миллӣ номид. Дар ин тӯйҳои миллӣ аз тарафи имом-хатибон, аҳли илм ва шахсони рӯзгордида ба ҷамъомадагон, ҷавонон ва хоссатан ба навхонадорон аз нигоҳи дини мубини Ислом, ахлоқи миллӣ ва аз панду насиҳатҳои бузургони гузашта суҳбатҳои муҳим ва муфид карда мешавад, ки дар натиҷа ин суҳбатҳо ба  ҷавонони имрӯза таъсири муфид мебахшад.    
Тӯйҳои ақиқа (суннатӣ), валима (никоҳӣ) дар фарҳанги миллии мо яке аз лаҳзаҳои муҳими ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад, дар назари дини мубини Ислом ҳам ин тӯйҳо (ба шарти бо тартибу интизом гузаронидан) дар эътибор буда, мақому мартабаи баланд дорад. Он рӯзи хушбахтии ду ҷавон, пайвастани ду оила ва ҷамъ омадани хешу табор ва дӯстону наздикон мебошад. Аз қадим мардуми мо тӯйро бо шодмонӣ, меҳмоннавозӣ, эҳтироми калонсолон ва дуои нек баргузор мекарданд. Аммо имрӯз бояд ба як масъалаи муҳим диққати ҷиддӣ диҳем: тӯй набояд сабаби қарздорӣ, рақобат ва исрофкорӣ гардад.
Ҳар як оила бояд пеш аз баргузории тӯй имкониятҳои иқтисодии худро ба назар гирад. Барои хушбахтии ҷавонон дасторхони аз ҳад зиёд пур, меҳмонони бешумор ё хароҷоти гарон зарур нест. Муҳим самимият, муҳаббат, дуои падару модар ва ризоияти ду оила мебошад.
Бе исроф гузаронидани тӯй барои оила манфиатҳои зиёд дорад. Пеш аз ҳама, оила аз қарздорӣ ва мушкилоти молиявӣ эмин мемонад. Маблағеро, ки барои хароҷоти беҳуда сарф мешавад, метавон барои зиндагии оилаи нав, таҳсил, манзил ва дигар корҳои зарурӣ истифода бурд.
Мо миллати соҳибфарҳанг ҳастем. Меҳмоннавозӣ, эҳтироми падару модар, эҳтироми калонсолон, хоксорӣ, либоси муносиб, муносибати самимӣ ва нигоҳ доштани урфу одатҳои хуби миллӣ ва дастгирии якдигар аз беҳтарин арзишҳои фарҳангии мо мебошад.
Тӯй набояд майдони мусобиқа бошад, ки як оила аз оилаи дигар зиёдтар харҷ кунад. Ҳар кас бояд мувофиқи имконияти худ зиндагӣ кунад. Агар мо аз тақлид ва рақобати беҳуда даст кашем, тӯйҳо ҳам зеботар ва ҳам бобаракат мегарданд. Мо калонсолон бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки асоси зиндагии хушбахтона на тӯйи гарон, балки меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар, масъулият, сабру таҳаммул ва вафодорӣ мебошад. Ҳамчунин, баргузории тӯйи миллӣ барои нигоҳ доштани фарҳанг ва анъанаҳои неки мардумӣ аҳамияти калон дорад. Мо метавонем анъанаҳои хуби худро ҳифз намоем, вале онҳоро бо исрофкорӣ омехта накунем. Арзишҳои миллӣ вақте пойдор мемонанд, ки мо онҳоро бо ақлу хирад ва эҳтиром ба зиндагии воқеӣ идома диҳем.
Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр! Ин ҷумла бояд барои ҳар як падару модар ва ҳар як ҷавон дарси зиндагӣ бошад. Анъанаҳои хубро нигоҳ дорем. Бояд таъкид кунем, ки мубориза бо исрофкорӣ маънои аз байн бурдани фарҳанг ва анъанаҳои миллиро надорад.
Падару модарон дар ин масъала нақши бузург доранд. Баъзан худи волидон мехоҳанд барои фарзанд тӯйи хеле калон баргузор кунанд, то аз дигарон кам набошанд. Аммо биёед, аз худ бипурсем: Оё барои мардум зиндагӣ мекунем ё барои фарзанд? Оё муҳим он аст, ки мардум чӣ мегӯянд, ё  фарзандони мо баъд аз тӯй бояд зиндагии осуда дошта бошанд?!
Биёед, тӯй ва маъракаҳои худро ба воситаи рақобат табдил надиҳем. Биёед, ба ҳамдигар тақлид накунем. Биёед, фарзандони худро ба нодорӣ водор насозем.
Мутафаккири маъруф Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ фармудааст: «Мо турониён маблағҳоеро, ки дар тӯйу таъзия сарф мекунем, агар дар роҳи дин ва илм сарф кунем, албатта, аз аврупоиён (пеш) мегузарем. Аммо агар дар ҳамин исрофкорӣ бардавом бошем, ба ҷуз муфлисӣ дигар чизе ба даст оварда наметавонем». Инчунин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
З-ин сабаб доғи чароғаш рӯшан аст.
Худованд ба ҳамаи оилаҳо сулҳу оромӣ, ба ҷавонон бахту саодат ва ба фарзандони мо зиндагии пур аз меҳру баракатро насиб гардонад.
 
Фазлиддин
Кароматуллоҳ,
сархатиби ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: