Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Ҳиндустон дар Хиёбони меҳмонони фахрӣ дарахт шинонданд

Дар анҷоми музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Ҳиндустон маросими муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар Хиёбони меҳмонони фахрии қароргоҳи «Куксарой» дарахт шинонданд.

Ин маросим рамзи оғози марҳилаи нави муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Ҳиндустон ва садоқати ду кишвар ба таҳкими дӯстӣ миёни халқҳои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: