Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Қирғизистон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 31 август барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» ба шаҳри Бишкек парвоз кард.

Дар ин чорабиниҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ ва такмили фаъолияти Созмон, инчунин дурнамои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Президенти Ӯзбекистон бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, дар маросими ифтитоҳи шашумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: