Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» ба Бишкек омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» роҳбари кишвари моро Раиси Девони Вазирон – роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Имрӯз Президенти Ӯзбекистон як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, дар маросими ифтитоҳи шашумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок мекунад.