Табиат мекунад моро табобат

Сӯхтаи кимиёвӣ

Сӯхтаи кимиёвӣ дар натиҷаи таъсири моддаҳои гуногун, аз ҷумла кислота, ишқор ва баъзе намакҳои металлҳои вазнин, ки ба пӯст мерасанд, ба вуҷуд меояд. Дар чунин маврид ҳарчи зудтар аз рӯйи пӯст тоза кардани моддаҳои кимиёвӣ муҳим аст. Пеш аз ҳама, либосе, ки бо моддаҳои кимиёвӣ олуда шудааст, бо эҳтиёт аз тан бароварда мешавад. Ҷойи осебдида дар давоми 20–30 дақиқа дар оби хунук (зери ҷумрак, душ ё шланг) шуста мешавад. Ҳангоми шустан набояд аз пахта истифода бурд. Зеро моддаи кимиёвӣ ба бофтаҳои пӯст боз ҳам амиқтар ворид шуданаш мумкин аст.
Агар пӯст аз таъсири маҳлули ишқорӣ сӯхта бошад, аввал ҳамон ҷойро шуста, баъд маҳлули кислотаи лимӯ ё сирко истифода (барои тақрибан ним қошуқча 250 грамм об) бурда мешавад. Дар ҷойҳое, ки аз кислотаҳо сӯхтааст (ба истиснои кислотаи фтордор), маҳлули ишқорӣ – оби собундор ё маҳлули содаи истеъмолиро (барои 1 қошуқ сода 2 пиёла об) истифода намудан мумкин аст.
Ҳангоми сӯхтан аз таъсири кислотаи фтордор, ки ба таркиби моеъи тормоз дохил мешавад, барои хориҷ намудани ионҳои фтор пӯст бояд муддати тӯлонӣ (2–3 соат) зери ҷараёни об шуста шавад. Зеро хатари воридшавии амиқи фтор ба бофтаҳои пӯст вуҷуд дорад.
 
Вақте мижа ба дарун месабзад
 
Лӯбиёро дар ҳован кӯфта, мисли сурма ба чашм молидан ба дарун сабзидани мижаро бартараф менамояд.
 
Ҳангоми давраи қатъи ҳайз (климакс)
 

1 қошуқи гиёҳи ҷағҷағро ба 1 истикон оби ҷӯш андохта, 2 соат дам мекунанд. Баъд  полидани оби он дар як рӯз 4 маротиба ним соат пеш аз таомхӯрӣ 1 қошуқӣ истеъмол мекунанд.
 
Ҳангоми сӯхтан
 
Агар ба ҷойи сӯхта асали тоза молед, баробари камтар кардани дард, аз пайдоиши варам ва обила пешгирӣ менамояд.
 
Агар шонаҳоятон дард кунанд
 
Як дасти худро хам карда, оринҷро рӯйи миз гузоред. Бо дасти дуюми худ қисми болои устухони оринҷро нарм масҳ намоед. Тез-тез, аммо мулоим ҳаракат кунед.
Усули дуюм низ мавҷуд аст: шонаҳоро зери души гарм масҳ кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат собун ё гел мушкили шуморо осон мекунад. Ғайр аз ин, агар шонаҳоятон зуд-зуд дард кунанд, харидани масҳкунаки дастӣ (ғилдиракдор) тавсия дода мешавад. Масалан, ҳангоми тамошои телевизор низ метавонед шонаҳоятонро масҳ кунед. Пас аз анҷоми масҳ, дар ҷойе, ки дард дорад, равғани лаванда молед ё бо дастмоле, ки дар оби гарм тар шудааст, компресси гарм гузоред. Дароз кашед ва саратонро ба поин нигоҳ доред.
 
Ҳангоми пайдо шудани ҳалқаҳои сиёҳ дар атрофи чашм
 
1 қошуқча шарбати бодиринг ва 1 қошуқча шири хушкро омехта намоед ва ба атрофи чашм молед. Пас аз 10 дақиқа, бо докаи нами дар оби гарм таркардашуда онро пок намоед.
 
Агар чизе ба чашм афтад
 
Агар ба чашм гард ё заррачае даромада бошад, чашмро на ба самти чакка, балки ба тарафи бинӣ нигоҳ карда молед, бо ёрии ашк берун мебарояд.
 
Агар заррача ба чашм афтад
 
Ҳангоми ба чашм даромадани ҳама гуна заррача, шустани чашм бо маҳлули албусид натиҷа хоҳад дод.
 
 (Давом дорад).
 
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: