Деҳае, ки онро на ҳама медонистем

Аз ҷавонӣ Чодакро рустои аз ҳама шимоли ноҳияи Поп медонистем. Ба харита назар андохта, шаҳраки Олтинкону деҳаи Гулистонро дарёфт кардем, ки онҳо аз Чодак ҳам дар шимолтари ноҳияи Поп макон гирифтаанд.

Аз онҳо дар боло боз ҷойҳои аҳолинишин, вобаста бо саёҳату истироҳати мардум ва наздики Қирғизистони ҳамсоя вуҷуд доштаанд. Хосатан, аз онҳо деҳаи Гулистонро на шунидаву на ҳама медонистем. Гулистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар мавзеи силсилакӯҳҳои Чотқол, аз шимол бо ағбаи Камчиқу мавзеи кӯҳии Бетагалик, дар ҷануб бо ҳудуди шаҳраки Олтинсой, қисмҳои шарқӣ бо кӯҳҳои Чоркесар ва ғарбиаш бо кӯҳсори Резаксой ҳамсарҳаданд. Таърихи деҳа қадимист. Ба ин чун рамзҳои зиёд  шаҳодат медиҳанд. Садаҳои асрорангез аз ҷониби азизон ё ба шарафи онҳо чун ёдгорӣ шинонда шудаанд. Боз дар деҳа муғхонаҳои мансуби даври санг, баъд зарфҳои сафолӣ: кӯзаю хумдонҳои тааллуқи асрҳои XII-XIV ҳифз гардидаанд.
Аз азизони дафншуда ду кас – Хоҷа Шерқурбон атои Валӣ ва Хоҷа Сиддиқ атои Валӣ додарон ва Бибӣ Оиша хоҳари онҳоанд. Дар қабри онҳо 1 санги кулӯлаи кабудтоб ва шифобахши илоҳӣ гузошта, ба 2 санги дарозрӯя ҳамчун ёдгорӣ ному насаби азизон кандакорӣ шудаанд. Аз рӯйи гувоҳии пирони деҳа, солҳои 50-ум ин ёдгориҳои қадима аз тарафи 2 шахси номаълум ба шаҳри Намангон бурда шудаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки он кулуласанги кабудтоб ба яке аз зиёратгоҳҳои шаҳри Тошканд монда шудааст. Инчунин маҳфузии 2 санги дарозрӯя дар осорхонаи кишваршиносии шаҳри Санкт-Петербурги Русия тахмин карда мешавад.
Бино ба ривоёту нақли куҳансолони деҳа, 3 азиз аз авлоди Махдуми Аъзам – бобои косонӣ буда, бо мақсади тарғиби илму маърифати дини ислом омада, умр гузаронида, дар ҷангҳо бо ғайридинҳо шаҳид шудаанд. Бо бурда шудани лавҳаю ёдгории қабрҳо аз тарафи шахсони номаълум авлоди нав намедонистанд, ки дар қабрҳо киҳо мадфунанд. Баъдҳо қабристони онҳоро «Мазори Подшоҳхоҷа» ном бурдаанд.
Дар давоми асрҳо бисёр зиёратчиён ва шифоёфтаҳо, аз ҷумла, ин диёрро «Мазори Подшоҳхоҷа», пас «Мазор» гуфтаанд. Деҳа баъдан Гулистон ном гирифтааст. Аҳолии таҳҷоии деҳа бо гузаштаи бойи худ ифтихор доранд. Аз онҳо як қисмашон ба маҳаллаи Мазор, азизон Исмоил Атоӣ ва Бибӣ Марям дар деҳаи Чодак дафн шудаанд. Барои ҳамин аз қадим деҳаи Гулистон бо маҳаллаи Хоҷаи деҳаи Чодак ва маҳаллаи Мазори деҳаи Ғурумсаройи ноҳияи Поп риштаҳои хешӣ, қудою андагӣ дорад. Инчунин аз шаҳри Косонсой кашида то деҳоти Ғавою Звутқанди ноҳияи Чуст, шаҳри Поп, деҳаҳои Чодаку Гулистон, ҳатто то шаҳраки Шайдону деҳаи Понғози вилояти ҳамҷавори Суғди Тоҷикистон дар мобайни фарзандони аҷдоди саҳобаҳо боқимонда робитаи дӯстӣ, хешию пайвандӣ мавҷуд аст.
Деҳаи Гулистон соли 1926 дар ҳайати ноҳияи Поп дохил шудааст. Ҳоло он 2600 нафар аҳолӣ дорад, онҳо асосан тоҷиконанд. Гулистон чун маҳаллаи алоҳидаи ноҳияи Поп дорои идораи давлатӣ аст. Он ду мактаби миёнаи маълумоти умумӣ, ду боғчаи хусусии бачагона, шифохона, чанд дӯкону нуқтаҳои савдо ва корхонаи хусусии истеҳсоли хишти бетонӣ дорад.
Деҳа дар оғӯши қаторкӯҳҳо ва соҳилҳои пур аз боғу дарахтзори Чодаксой ҷой гирифтааст. Ҳавояш соф, форам ва намнок буда, он соя, салқин ва боби истироҳати мизоҷон аст. Чунон ки раиси маҳалла Ҳусанхон Нақибов таъкид кард.
– Чодаку Олтинкон дар мо ибтидои сайёҳӣ, Гулистон ин дили сайёҳӣ аст.
Аз ин боис 90 фоиз аҳолӣ ба ҷойҳои дамгирӣ соҳиб буда, онҳо ба меҳмонону сайёҳон хидмат мерасонанд.
Гулистониён қисман бо зироаткорию боғбонӣ низ машғуланд.
Нақшаи баъдинаи маҳалла ин сохтани боғчаи давлатии бачагона, майдони варзиш барои наврасон ва бо зафар ёфтан дар чорабинии имрӯзаи «Буҷети кушод» баҳри боз ободу хуррамгардонии кӯчаҳо, мумфарш кардани роҳҳост.
 
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: