Ба шаҳри Андиҷон қатораи замонавии баландсуръати дар Чин истеҳсолшуда оварда шуд. Айни замон ҳаракати он ба таври озмоишӣ анҷом дода мешавад.
Қатораи нав метавонад бо суръати то 160 километр дар як соат ҳаракат карда, ҳамзамон 415 мусофирро интиқол диҳад. Тибқи нақша, он масофаи байни Тошканд ва Андиҷонро тақрибан дар 3 соат тай хоҳад кард.
Ба роҳ мондани ҳаракати ин қатораи баландсуръат ба беҳтар намудани алоқаи нақлиётӣ миёни Тошканд ва Андиҷон, инчунин фароҳам овардани имконоти васеътар барои пешниҳоди хизматрасонии қулай, зуд ва замонавӣ ба мусофирон равона шудааст.
Интизор меравад, ки роҳандозии хатсайри нави қатора ҳаракати нақлиётии байни минтақаҳоро бештар намуда, барои боз ҳам қулай ва самаранок ба роҳ мондани сафарҳои сокинон мусоидат хоҳад кард.