Фаввораи «Тошканди нав» рекорди ҷаҳонии Гиннесро гузошт

Маҷмааи бошукӯҳи фаввораҳо, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистон дар ҳудуди «Тошканди нав» ба истифода дода шуд, ба дастоварди ҷаҳонӣ ноил гардид.

Созмони бонуфузи «Китоби рекордҳои Гиннес» (Guinness World Records), ки рекордҳоро дар саросари ҷаҳон ба қайд мегирад, ин иншооти нодирро якбора дар ду самт ҳамчун баландтарин нишондиҳандаи ҷаҳон расман эътироф кард.

Довари расмии Китоби рекордҳои Гиннес Мегги Луо тасдиқ намуд, ки тамоми нишондиҳандаҳои техникии ин иншооти нодир ба талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошанд ва ба масъулони он сертификатҳои махсуси созмонро супорид.

Фаввора ҷараёни обро ба баландии 232,69 метр бароварда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Рекорди қаблӣ дар ин самт 204,7 метр буд.

Масоҳати экрани обии маҷмаа бошад, 2 617,23 метри мураббаъ-ро ташкил додааст. Дар ин самт низ рекорди қаблии ҷаҳонӣ 2 400 метри мураббаъ буд.

Ин иншооти муҳандисии нодир дар ҳамкорӣ миёни «New Tashkent» ва ширкати чинии «Zhongchuang Environment Art Technology Group Co., Ltd.» амалӣ шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: