Рӯзи дониш: соли нави таҳсил дар кишвар бо рӯҳияи болида оғоз ёфт

  • Рӯзи дониш: соли нави таҳсил дар кишвар бо рӯҳияи болида оғоз ёфт

2 сентябр дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026/2027 чорабиниҳои идонаи «Рӯзи дониш» баргузор гардиданд.

Дар тантанаҳое, ки ба муносибати ин ҷашн ташкил шуданд, ба хонандагон дар соли нави таҳсил комёбиҳои нав, ғайрату кӯшиши беандоза ва фатҳи қуллаҳои баланди дониш таманно карда шуд. Суханварон аҳамияти бузурги соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва илму фан, пайваста талош варзидан ва ҳамчун инсони ҳамаҷониба камолёфта ба воя расиданро дар шароити имрӯза махсус таъкид намуданд.

Садои «Занги аввал», ки дар саҳни мактабҳо танинандоз гардид, шодиву хурсандии самимии хонандагон ва орзуҳои неки омӯзгорон ба фазои ҷашн шукӯҳу рӯҳияи тоза бахшид. Соли нави таҳсил барои ҳазорон нафар хонандагон боз як қадами муборак ба сӯи ҷаҳони беканори дониш гардид.

Аксҳои Акмал Муҳаммадов ва Юнус Бӯриев
(«Халқ сӯзи»).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: