Зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар маркази «Ғамхорӣ»-и Андиҷон мавриди омӯзиш қарор гирифт

Дар шабакаи Telegram наворҳое паҳн шуданд, ки дар онҳо ҳолатҳои зӯроварии ҷисмонӣ нисбати кӯдакони дорои маъюбият, ки дар Маркази «Ғамхорӣ»-и ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон тарбия мегиранд, инъикос ёфтаанд.

Хадамоти иттилоотии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар дод, ки вобаста ба ин ҳолат Раёсати Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Андиҷон корҳои омӯзиширо анҷом додааст.
Қайд шудааст, ки 6 нафар тарбиягар ва 1 нафар ҳамширае, ки дар наворҳо сабт шудаанд, аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуда, шартномаҳои меҳнатии бо онҳо басташуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бекор карда шуданд.
Ҳамчунин нисбати кормандони масъуле, ки фаъолияти тарбиягаронро ба таври кофӣ назорат накардаанд, чораҳои интизомӣ андешида шуданд.
Бо ҷалби мутахассисони иттиҳодияи тиббии ҳудудӣ кӯдакони муассиса аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон дар атрофи майдончаҳои бозии кӯдакони Маркази «Ғамхорӣ» камераҳои иловагии назоратӣ насб гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: