Дар маҳаллаи «Ёшлик»-и шаҳри Навоӣ маросими ифтитоҳи мактаб-интернати махсус ба номи Ал-Хоразмӣ баргузор шуд.
Дар маросим ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов иштирок намуда, омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳоро ба муносибати ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки ин даргоҳи нави илму маърифат барои баланд бардоштани сифати таълим дар вилоят ва фароҳам овардани имкониятҳои нав баҳри расидани ҷавонон ба қуллаҳои илму дониш хизмат хоҳад кард.
— Дар соли таҳсили гузашта 12 ҳазору 213 нафар хонанда муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти моро хатм карданд ва 90,7 фоизи онҳо дар имтиҳонҳои тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд, — гуфт Н. Турсунов. — Натиҷаи миёнаи бадастовардаи онҳо 112,8 баллро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта, яъне 93,2 балл, 19,5 балл бештар аст. Ҳамчунин, 579 нафар хатмкунандагон 189 балли ҳадди аксарро соҳиб шуда, пеш аз муҳлат ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд. Ин нишондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта 270 нафар афзоиш ёфтааст.
Муассисаи мазкур, ки мутобиқи талаботи замонавӣ бунёд шудааст, бешубҳа барои ошкор намудани ҷавонони болаёқат, рушди неруи зеҳнии онҳо ва омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Маҷмааи таълимӣ аз бинои мактаб барои 504 ҷой, хобгоҳ барои 222 ҷой ва толори муосири варзишӣ иборат буда, барои таълими босифат, зисту иқомати хонандагон ва машғулияти мунтазами онҳо ба варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ин даргоҳи муосири илму маърифат, ки дар доираи лоиҳа ба маблағи умумии 36,2 миллиард сӯм бунёд гардидааст, бешубҳа муҳити рақобати солимро дар соҳаи маорифи вилоят боз ҳам тақвият бахшида, дар тарбияи ҷавонони донишманду болаёқат ва ҷавононе, ки метавонанд дар рушди Ватан саҳми муносиб гузоранд, нақши муҳим хоҳад дошт.
Темур ЭШБОЕВ, «Халқ сўзи».