Дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон дар доираи Бозиҳои VI ҷаҳонии кӯчманчиён мусобиқаҳои гӯштингирӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо намояндагони ҳайати Ӯзбекистон низ иштироки бомуваффақият доштанд.
Дар вазни беш аз 90 килограмм варзишгарони 22 кишвар барои ба даст овардани унвони ғолиб мубориза бурданд. Дар рақобати ҳалкунандаи финалӣ намояндаи Ӯзбекистон Нӯъмонҷон Раҷабов бар паҳлавони соҳибтаҷрибаи Эрон, 19-карата ғолиби Бозиҳои Осиё оид ба гӯштин Содиқ Азароб бо бартарии ночиз пирӯз шуда, медали тиллоро ба даст овард.
Ҳамин тариқ, Нӯъмонҷон Раҷабов барои ҳайати Ӯзбекистон дар Бозиҳои VI ҷаҳонии кӯчманчиён аввалин медали тиллоро дар риштаи гӯштин ба даст овард.
Ҳамчунин, дар мусобиқаҳои гӯштини туркманӣ варзишгари дигари кишвари мо Илёсбек Мирзаҳматов соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва медалдорон мушовири вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарифҷон Мӯминҷонов иштирок кард.
Ҷавоҳир Тошхӯҷаев, ӮзА