Ҳадафи ин миссия омӯзиши амиқтари Моҳ, фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ва заминасозӣ барои парвози инсон ба Миррих(Марс) дар оянда арзёбӣ мешавад.
Дар доираи миссияи Artemis II-и NASA кайҳоннавардон парвоз ба атрофи Моҳро оғоз карданд. Ин нахустин миссияи кайҳонии инсоннишин ба самти Моҳ дар беш аз 50 соли охир ба ҳисоб меравад.
Мушаки борбари SLS (Space Launch System) шаби 2 апрел аз майдони партоби №39B-и Маркази кайҳонии Кеннедии NASA дар иёлати Флорида бомуваффақият ба фазо баромад. Мушак киштии кайҳонии Orion-ро бо чаҳор кайҳоннавард барои парвози озмоишӣ ба атрофи Моҳ бурд.
Роҳбари NASA Ҷаред Айзекман ин парвозро барои Иёлоти Муттаҳида ва ҳамаи онҳое, ки ба таҳқиқоти кайҳонӣ бовар доранд, марҳилаи муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, барномаи Artemis барои он замина фароҳам меорад, ки инсоният пас аз беш аз 50 сол дубора ба Моҳ қадам гузорад ва дар оянда дар он ҷо фаъолияти доимӣ анҷом диҳад. Дар ҷараёни ин миссия имкониятҳои мушаки нав ва киштии кайҳонӣ низ санҷида мешаванд.
Дар ин миссияи тақрибан 10-рӯза кайҳоннавардони NASA Рейд Уайзмен, Виктор Гловер ва Кристина Кох, инчунин намояндаи Агентии кайҳонии Канада Жереми Ҳансен иштирок доранд. Artemis II нахустин миссияи инсоннишин дар доираи барномаи Artemis мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии он санҷиши низомҳои таъмини ҳаёти ҳайати экипаж ва фароҳам овардани замина барои парвозҳои оянда ба Моҳ ва Миррих мебошад.
Пас аз ворид шудани киштии Orion ба фазо, панелҳои офтобии он кушода шуда, қабули энергияи офтобиро оғоз карданд. Ҳамзамон, экипаж ва муҳандисони воқеъ дар Замин ба санҷиши низомҳои парвоз шурӯъ карданд. Тақрибан 49 дақиқа пас аз оғози парвоз, зинаи болоии мушак фаъол шуда, Orion-ро ба мадори эллиптикии атрофи Замин баровард. Сипас, дар натиҷаи як манёври дигар киштӣ ба мадори баландтар, дар масофаи тақрибан 46 ҳазор мил аз Замин, равона карда мешавад.
Ҳамчунин, аз зинаи болоии мушак чор моҳвораи хурди CubeSat, ки ба ниҳодҳои кайҳонии Аргентина, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ тааллуқ доранд, ба фазо бароварда мешаванд. Онҳо ба анҷоми таҳқиқоти илмӣ ва озмоиши технологияҳои нав машғул хоҳанд шуд. Киштии Orion як шабонарӯз дар мадори баланд қарор гирифта, экипаж имкониятҳои идоракунии дастии киштиро низ месанҷад.
Агар ҳамаи низомҳо тибқи нақша фаъолият кунанд, рӯзи 2 апрел киштии Orion бо истифода аз модули хидматии сохтаи Аврупо ба самти Моҳ равона мешавад. Ин манёвр тақрибан шаш дақиқа идома ёфта, киштӣ аз назди Моҳ гузашта, бо истифода аз қувваи ҷозибаи он ба масири бозгашт ба Замин мебарояд.
Ҳангоми парвози наздик ба Моҳ, ки рӯзи 6 апрел ба нақша гирифта шудааст, кайҳоннавардон сатҳи Моҳро аксбардорӣ карда, дар бораи минтақаҳои камомӯхтаи он маълумот ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани миссия, кайҳоннавардон ба Замин бармегарданд ва дар уқёнуси Ором фуруд меоянд.
NASA ният дорад дар доираи барномаи Artemis миссияҳои минбаъдаро боз ҳам мураккабтар намуда, ба омӯзиши амиқтари Моҳ, рушди имкониятҳои иқтисодӣ ва омода кардани замина барои парвози инсон ба Миррих мусоидат кунад.