Соли нави таҳсил: низоми нақлиётии пойтахт ба афзоиши мусофирон омода аст

Имрӯз — 2 сентябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ соли таҳсили 2026/2027 оғоз ёфт. Ба ин муносибат интизор меравад, ки ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Тошканд, бахусус дар атрофи муассисаҳои таълимӣ, афзоиш ёбад.

Қабл аз оғози соли нави таҳсил аз ҷониби Маркази ташкили ҳаракати роҳ барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дар атрофи мактабҳо як қатор чораҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, хатҳои гузаргоҳи пиёдагардон — «зебра» нав карда шуда, чароғакҳои роҳ аз муоинаи техникӣ гузаронида шуданд ва низоми фаъолияти онҳо ба тартиб дароварда шуд.
Дар пойтахт тавассути 170 хатсайри автобус ҳамарӯза беш аз 24 ҳазор сафари нақшавӣ анҷом дода мешавад. Агар дар мавсими тобистон шумораи миёнаи сафарҳои автобусҳо 1 ҳазору 622 ададро ташкил медод, аз оғози соли нави таҳсил ин нишондиҳанда ба 1 ҳазору 707 сафар расонида мешавад.
Дар метро низ дар соатҳои серодам фосилаи ҳаракати қаторҳо кӯтоҳ карда мешавад. Дар самти Чилонзор фосилаи ҳаракат 1,5–2 дақиқа, дар самти Ӯзбекистон — 3–3,5 дақиқа, дар самти Юнусобод — 4–4,5 дақиқа ва дар хатти ҳалқавии рӯизаминӣ — 7–8 дақиқаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот, аз 14 таркиби нави қатор, ки ворид намудани онҳо ба нақша гирифта шудааст, 11 адад аллакай дар хатсайрҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд. Интизор меравад, ки 3 таркиби боқимонда низ ба наздикӣ ба истифода дода шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: