Ният

Мегӯянд, ки дар маҳаллае як нафар инсон зиндагӣ мекард. Ӯро одат чунин буд, ки ҳар он чизеро дилаш мехост ба зӯрӣ аз худ мекард.

Ҳамин шахс рӯзе гузараш ба деҳе фитод. Боғбоне боғи анорашро побел мекард. 
Назар кард боғи бениҳоят зебо. Анорҳо пӯхта расида. Ӯ рӯ ба боғбон карду гуфт:
- Эй падар об деҳ.
Боғбон гуфт:
- Об надорам.
- Пас ин боғатро чӣ гуна парвариш мекуни?

Гуфт:
- Заминҳои мо лалмиянд. Меваҳо бо оби борон мепазанд.
Ғоратгар гуфт:
- Ин тавр бошад, аз ҳамин анорҳоят шарбат карда деҳ.
Боғбон низ зуд анореро гирифту шарбат карда дод. Ғоратгар шарбатро нӯшид. Маззаи шарбат бениҳоят ширин буд. Чунин анорро ӯ то ҳол начашида буд. Ин шахс ба дил гузаронд. "Ин боғаш бисёр зебо ва калон будааст. Агар онро аз худ кунам бой мешавам" - рӯ ба боғбон карду гуфт:
- Бо ин ташнагиям нашикаст боз деҳ.
Боғбон низ шахси холис буд, зуд аз дарахт анореро канда шарбат карду дод. Ғоратгар шарбатро нӯшид, ки ин сафар бениҳоят туршмазза мазза буд. Ба боғбон гуфт:
- Ин анорро аз куҷо гирифтӣ?
Гуфт:
- Аз ҳамин дарахт.
Гуфт:
- Аввалаашро чӣ?
Гуфт:
- Онро низ.
Гуфт:
- Пас чаро турш аст?
Гуфт:
- Надонам, шояд, ниятатонро бад кардед ҳазрат.
Ғоратгар ҳайрон шуда худ ба худ гуфт:"Ҳамин мард рост мегӯяд. Аввалин бор ниятам танҳо ташнагиро шикастан буд, аммо дувумин маротиба аз худ кардани боғ буд"
Гуфт:
- Як косаи дигар шарбат карда деҳ.
Бори севум нушид шарбат боз ширин буд. Зеро ӯ аллакай аз нияти бадаш гашта буд.

P/S: Амалҳо ба ниятҳо вобастаанд.

Тарҷумон: Озод Ҳодизода

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: