Дар ноҳияи Нурота муовини роҳбари дармонгоҳ бо гумони гирифтани 1 500 доллар барои ба кор қабул кардан боздошт шуд

Дар ноҳияи Нуротаи вилояти Навоӣ зимни як амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи ноҳиявии Нуротаи Департаменти назди Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд, муовини роҳбари дармонгоҳи марказии Иттиҳодияи тиббии шаҳри Ғозғон боздошт гардид.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ф.Т. ҳангоми гирифтани 1 500 доллари ИМА аз шаҳрванд О.А. бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки барои ба вазифаи ҳамшираи тиббӣ дар иттиҳодияи тиббии шаҳр ба кор қабул шудани ӯ мусоидат мекунад.
Аз рӯйи ин ҳолат бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: