Дар мактабҳо маҳфилҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ташкил мешаванд

Дар асоси фармони дахлдори вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 августи соли 2026 Низомномаи «Дар бораи тартиби ташкил ва роҳандозии фаъолияти маҳфилҳо дар самти мусиқӣ ва санъат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» тасдиқ гардид.

Тибқи тартиби мазкур, ки ба таъмини иҷрои вазифаҳои дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июни соли ҷорӣ таҳти рақами 103 муайяншуда равона шудааст, аз соли нави таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ маҳфилҳо аз рӯйи самтҳои «Дутор», «Рақси миллӣ», «Доиразанони ҷавон» ва «Санъати тасвирӣ» ба роҳ монда мешаванд.

Дар маҳфилҳо ба хонандагон ҳафтае ду соат, дар маҷмӯъ 72 соат, ба таври амиқ дарс дода мешавад. Ҳамчунин, миёни аъзои маҳфилҳо озмунҳои гуногун баргузор гардида, аз байни онҳо хонандагони соҳибистеъдод интихоб карда мешаванд.

Ҳадафи асосии ташкили чунин маҳфилҳо тарғиби ҳарчи бештари санъати миллӣ миёни ҷавонон ва ба наслҳои оянда ба таври муносиб мерос гузоштани он мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: