SQB соҳиби Суперҷоми Ӯзбекистон оид ба футзал гардид

Дар маҷмааи варзишии «Humo Arena»-и шаҳри Тошканд барои ба даст овардани Суперҷоми Ӯзбекистон оид ба футзал миёни дастаҳои BMB ва SQB бозӣ баргузор шуд.

Вохӯрӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби 3:3 ба анҷом расид. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи SQB пирӯз шуда, ба гирифтани Суперҷоми Ӯзбекистон оид ба футзал ноил гардид.
Гуфта мешавад, ки як қатор ситораҳои футболи ҷаҳон ба Тошканд ҳамчун меҳмонони фахрӣ барои тамошои бозии Суперҷом даъват шуда буданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва Федератсияи футзали кишвар ширкат намуда, ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаро табрик карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: