Қатораи баландсуръат дар Хоразм ба ҳаракат даромад

  • Қатораи  баландсуръат дар Хоразм ба ҳаракат даромад
  • Қатораи  баландсуръат дар Хоразм ба ҳаракат даромад
  • Қатораи  баландсуръат дар Хоразм ба ҳаракат даромад
  • Қатораи  баландсуръат дар Хоразм ба ҳаракат даромад

Аз дирӯз дар хатсайри «Фурудгоҳи Урганч — Хива — Фурудгоҳи Урганч» қатораи барқии муосири баландсуръати CR200J ба мусофирон хизмат мерасонад.

Ин қатораро ширкати CRRC Dalian Co., Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол кардааст. Он аз 6 вагон иборат буда, барои интиқоли 415 мусофир пешбинӣ шудааст. Суръати ҳаракати қатора то 160 километр дар як соат мерасад.
Қатора бо курсиҳои замонавӣ ва бароҳат муҷаҳҳаз буда, дар назди ҳар як курсӣ таҷҳизоти пуркунии барқ тавассути USB насб шудааст. Ҳамчунин, барои нигоҳ доштани ҳарорати мувофиқ дар дохили вагонҳо низоми назорати иқлим фаъолият мекунад. Барои мусофирони дорои маъюбият ҷойҳои махсус низ пешбинӣ шудаанд.
Қатори №7055 бо хатсайри «Фурудгоҳи Урганч — Хива» соати 08:40 аз Фурудгоҳи Урганч ҳаракат мекунад. Он соати 08:59 ба истгоҳи Урганч мерасад ва соати 09:02 ба роҳ мебарояд. Қатор соати 09:22 ба Хива мерасад.
Қатораи №7058 бо хатсайри «Хива — Фурудгоҳи Урганч» соати 21:00 аз Хива ба роҳ мебарояд. Он соати 21:20 ба Урганч расида, соати 21:23 ҳаракатро идома медиҳад ва соати 21:42 ба Фурудгоҳи Урганч мерасад.
Нархи чипта барои калонсолон 25 ҳазор сӯм ва барои кӯдакон 14 ҳазор сӯм муқаррар шудааст. Чиптаҳоро тавассути платформаи электронӣ харидорӣ кардан мумкин аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: