17–19 сентябри соли 2026 дар шаҳри Марғилони вилояти Фарғона фестивали «Marg‘ilon atlasi & adrasi», ки ба муаррифии ҳунармандии миллӣ ва ҷозибаи нотакрори атласу адрас бахшида шудааст, баргузор мегардад.
Фестивал дар маҷмааи илмию маърифатӣ ва сайёҳии «Гавҳари водӣ» — «Бурҳониддин Марғинонӣ»-и шаҳри Марғилон ташкил карда мешавад.
Дар тӯли се рӯз меҳмонон имкон доранд бо мероси ғании фарҳангии Марғилон, анъанаҳои ҳунармандии миллӣ, инчунин таҷрибаи чандинасраи сокинони ин минтақа дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва бофандагӣ аз наздик ошно шаванд.
Дар доираи фестивал намоиши намунаҳои атласу адраси миллӣ, намоишгоҳи либосҳои миллӣ, муаррифии анъанаҳои ҳунармандӣ ва дигар чорабиниҳое баргузор мешаванд, ки ба тарғибу муаррифии мероси хоси фарҳангии Марғилон равона гардидаанд.
Атласу адраси Марғилон на танҳо ҷузъи муҳими санъати миллии бофандагӣ, балки намунаи нодири ҳунармандӣ буда, анъанаҳо ва мероси ғании фарҳангии мардуми ӯзбекро таҷассум мекунанд.
Фестивали «Marg‘ilon atlasi & adrasi» ба ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ, тарғиби ҳарчи бештари ҳунармандии анъанавӣ ва боз ҳам баланд бардоштани иқтидори сайёҳии шаҳри Марғилон мусоидат хоҳад кард.