Муҳаққиқони чинӣ озмоиши иртиботи дуҷонибаи баландсуръати лазериро миёни Замин ва Моҳ дар масофаи беш аз 400 ҳазор километр бомуваффақият анҷом доданд. Дар ҷараёни таҷриба суръати интиқоли маълумот аз Замин ба кайҳон дар як сония 1,25 мегабит ва аз ҷониби Моҳ ба Замин 100 мегабитро ташкил дод.
Муҳандисон ва олимони чинӣ озмоишҳои ташкили канали иртиботи дуҷонибаи лазериро миёни Замин ва Моҳ ба анҷом расонданд. Дар натиҷа имкони мубодилаи маълумот бо суръати баланд дар масофаи беш аз 400 ҳазор километр тасдиқ гардид.
Мутахассисон ин низомро беш аз як сол дар мадор мавриди озмоиш қарор додаанд. Таҷрибаи мазкур нишон дод, ки технологияҳои иртиботи лазерии кайҳонии Чин метавонанд на танҳо дар мадорҳои наздик ба Замин, балки дар кайҳони дур низ истифода шаванд.
Иртиботи лазерӣ дар муқоиса бо низомҳои анъанавии алоқаи радиомавҷӣ як қатор бартариҳо дорад. Аз ҷумла, он имкон медиҳад, ки маълумот бо суръати баланд интиқол ёбад, қобилияти гузаронандагии канал афзоиш дода шавад, ҳифзи иртибот беҳтар гардад ва таҷҳизоти нисбатан хурдҳаҷм истифода шавад.
Аммо барои ташкили канали устувори лазерӣ миёни Замин ва Моҳ олимон маҷбур шуданд се мушкили асосиро ҳал кунанд: бо дақиқии фавқулода равона кардани шуои лазерӣ, қабули сигнали ниҳоят заиф ва интиқоли ҳаҷми зиёди маълумот бо суръати баланд.
Дар чунин масофаи бузург ҳатто ларзиши ночизи моҳвора ё турбулентнокии атмосфера дар болои истгоҳи рӯизаминӣ метавонад самти шуои лазериро тағйир диҳад. Ҳатто хатои хеле хурд дар кунҷи равонасозӣ метавонад боиси аз нишон чанд километр дур рафтани шуо гардад.
Барои ҳалли ин мушкил мутахассисон низоми нави нигоҳ доштан ва пайгирии нишонро таҳия карданд. Ин низом ҳаракати мадорӣ, гузаштани сигнал аз атмосфера ва таъхирҳоеро, ки ҳангоми паҳншавии нурҳои оптикӣ ба вуҷуд меоянд, ба ҳисоб мегирад.
Дар натиҷа таҷҳизоти рӯизаминӣ ва кайҳонӣ ҳатто ҳангоми ҳаракат низ метавонанд бо дақиқии хеле баланд ба сӯи ҳамдигар равона карда шаванд.
Мушкили дигари ҷиддӣ — заифшавии шадиди сигнал мебошад.
Пас аз тай кардани беш аз 400 ҳазор километр, сигнали лазерӣ ҳангоми расидан ба Замин то ҳадде заиф мешавад, ки телескопҳои рӯизаминӣ метавонанд ҳамзамон ҳамагӣ чанд фотонро сабт кунанд.
Илова бар ин, рӯшноии Моҳ ва ситораҳо, инчунин чароғҳои сунъии шаҳрҳо низ «садо»-и иловагӣ ба вуҷуд оварда, ба қабули сигнали лазерӣ халал мерасонанд.
Аз ҳамин рӯ, муҳаққиқон технологияи фавқулноқилеро таҳия карданд, ки қодир аст фотонҳои алоҳидаро бо суръати баланд сабт кунад. Ҳамчунин барои ҷудо кардани сигнали муфиди иртиботӣ аз миёни садоҳои беруна алгоритмҳои ҳассоси баланд истифода шуданд.
Барои афзоиши суръати интиқоли маълумот олимон технологияҳои коркарди сигналҳои фарохмаҷро ва схемаҳои махсуси рамзгузориро низ таҳия карданд, ки барои коҳиш додани таъсири халалҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар ҷараёни озмоишҳо суръати интиқоли маълумот тавассути канал аз Замин ба кайҳон дар як сония ба 1,25 мегабит расид.
Дар самти бозгашт — аз кайҳон ба Замин — бошад, суръати интиқоли маълумот ба 100 мегабит дар як сония баробар гардид.
Фарқи назарраси суръат дар ду самт ба хусусиятҳои техникии каналҳои иртиботӣ ва имкониятҳои низомҳои қабул ва интиқоли сигнал вобаста аст.
Ба андешаи муаллифон, чунин технология барои миссияҳои оянда ба Моҳ аҳамияти махсус хоҳад дошт.
Бо пешрафти омодагӣ ба экспедитсияҳои инсонӣ ба Моҳ ва амалӣ шудани нақшаҳои бунёди истгоҳи тадқиқотӣ дар ин ҷирми осмонӣ, ҳаҷми маълумоте, ки миссияҳои кайҳонӣ тавлид мекунанд, ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.
Тасвирҳои баландсифат, натиҷаҳои мушоҳидаҳои илмӣ, маводи видеоӣ ва дигар маълумоти ҳаҷман калон бояд бо суръати баланд ба Замин интиқол дода шаванд.
Эҳтимол дорад, ки имкониятҳои низомҳои анъанавии иртиботӣ дар оянда барои пурра қонеъ кардани чунин талабот кофӣ набошанд.
Аз ин рӯ, муҳаққиқон канали нави лазерии миёни Замин ва Моҳро ҳамчун як навъ «шоҳроҳи иттилоотии» баландсуръат барои миссияҳои кайҳонии оянда арзёбӣ мекунанд.