Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд

  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд
  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд
  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд
  • Ҷашнҳои идона бо рӯҳияи болида баргузор мешаванд

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ таҳти шиори «Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» тадбиру чорабиниҳои идона беш аз пеш вусъат пайдо кардаанд.

Яке аз чунин тадбирҳои идона дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сӯх ба вуқӯъ пайваст. Ба ин чорабинӣ меҳмонон аз Қирғизистон низ даъват карда шуданд.
Ноиби ҳокими ноҳия Илҳомҷон Тоҷибоев бо иди бошукӯҳ табрику муборакбод намуд. Баъд дар бораи он ҳарф зад, ки ноҳия мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев қарор гирифтааст ва дар ин замина дар шаҳраку деҳоти он корҳои ободонӣ ва созанда ба анҷом мерасанд.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳҳои эҷодии ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти дастии занон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ низ ташкил карда шуданд. Инчунин барномаи консертӣ, ки бо ширкати овозхонҳои маъруфи вилоят баргузор шуд, ба ҷамъи иштирокчиён ва меҳмонони он таассуроти хуб бахшид.
ххх 
Дар майдони марказии «Ёшларобод»-и ноҳияи Фарғонаи вилоят низ бо иштироки фаъолони истеҳсолот, онҳое, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва амсоли он фаъолона кору заҳмат мекашанд ва мардуми зиёд чунин чорабинии идона роҳандозӣ гардид. 
Дар он ҳокими ноҳия Нодирҷон Машрапов ҳозиринро бо ин иди бошукӯҳ самимона табрик гуфт.  
– Дар солҳои истиқлолият дар кишвари мо ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ гардида, корҳои хайре, ки ба таъмини некӯаҳволии мардум, ободонии минтақаҳо ва ҷалоли шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, идома доранд. Ҳоло саросари шаҳристону деҳоти ноҳия ободу зебо гаштааст ва дар ҳар дару ҳавлии мардум шукӯҳи истиқлол намоён мегардад, – изҳор намуд Нодирҷон Машрапов. 
Дар барномаи идона дар баробари ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия, Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона, ситораҳои эстрада, инчунин ҳунармандон аз Қирғизистон иштирок карданд ва ба ҳама рӯҳияи идона бахшиданд.
Ҳоло ҷашнҳои идона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шукӯҳу таровати хос идома доранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: