Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иттиҳоди журналистони кишвар ташаббуси навро роҳандозӣ кард. Аз ҷумла, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 35 «Мактаби маҳорат»-и журналистони шинохта ба фаъолият оғоз намуд.
Ин иқдом бо мақсади татбиқи вазифаҳои афзалиятноки дар Оинномаи Иттиҳод муайяншуда амалӣ гардид. Паҳн намудани таҷрибаи журналистоне, ки мактаби хоси эҷодии худро ба вуҷуд овардаанд, дастгирии анъанаи «Устод — шогирд», таъсиси «Мактабҳои маҳорат» ва ҳавасмандгардонии фаъолияти онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти Иттиҳод ба шумор меравад.
Ҳамчунин, кор бо журналистони ҷавон, мусоидат ба баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо ва бо ин мақсад таъсис додани маҳфилу клубҳои гуногун аз ҷумлаи вазифаҳои барномавии ин созмони ҷамъиятӣ мебошад.
Фаъолияти 20 «Мактаби маҳорат»-ро шуъбаҳои минтақавии Иттиҳод ҳамоҳанг мекунанд. 15 мактаби дигар дар пойтахт — назди дастгоҳи марказии Иттиҳод фаъолият хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд дарсҳои маҳорат аз ҷониби журналистони варзида дар Маркази миллии матбуоти Ӯзбекистон, Маркази контент ва таҳририяҳо баргузор мешаванд.
Барои баргузории машғулиятҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Иттиҳод ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии эҷодкороне, ки роҳбарии «Мактабҳои маҳорат»-ро ба уҳда доранд, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дарсҳо аз рӯйи самтҳои гуногун, аз ҷумла журналистикаи интернетӣ, матбуоти чопӣ, телевизион, радио, журналистикаи ҳуқуқӣ, журналистикаи варзишӣ ва фотожурналистика баргузор мешаванд. Ба «Мактабҳои маҳорат» донишҷӯёни риштаи журналистика ва ҷавонони ба ин соҳа шавқманд ҷалб карда мешаванд. Дар охири курс ба иштирокчиён сертификат супорида мешавад.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон бахше аз фаъолияти низоммандест, ки барои омода намудани насли нави журналистон оғоз шудааст. Дар оянда корҳои амалӣ дар ин самт тавассути баргузории озмунҳо ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун пайваста идома хоҳанд ёфт.
ӮзА