​Низоми омодасозии кадрҳо ва рушди касбӣ дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ такмил меёбад

  • ​Низоми омодасозии кадрҳо ва рушди касбӣ дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ такмил меёбад
  • ​Низоми омодасозии кадрҳо ва рушди касбӣ дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ такмил меёбад
  • ​Низоми омодасозии кадрҳо ва рушди касбӣ дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ такмил меёбад
  • ​Низоми омодасозии кадрҳо ва рушди касбӣ дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ такмил меёбад

Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии пешниҳодҳо оид ба такмил додани низоми тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, аз рӯйхати давлатӣ гузаронидани онҳо ва таълими пайвастаи касбӣ шинос шуд.

Дар мамлакат бобати трансформатсияи низоми тандурустӣ, беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ, тавсеаи имкониятҳои клиникаҳои муосир ва ташхис корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Ин тағйирот дар асоси талаботи замон бознигарӣ кардани низоми омодасозии кадрҳоро барои соҳаҳои тиб ва фарматсевтика тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, аз бозомӯзии донишҳои назариявӣ ба ташаккули салоҳият ва малакаҳои амалӣ равона намудани таълими тиббӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани барномаҳои таълимӣ, арзёбии холисонаи дониш ва малакаи мутахассисон, инчунин, офаридани низоми ягонае, ки рушди касбиро дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ таъмин менамояд, чун ҳадаф муқаррар гардидааст.

Дар тақдимот, пеш аз ҳама, масъалаҳои такмили низоми омодасозии кадрҳо дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ баррасӣ шуданд. Пешниҳодҳо дар асоси тавсияҳои донишгоҳҳои Кембриҷ, Пенсилвания ва Ҳарвард, бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ таҳия шудаанд.

Минбаъд параметрҳои қабули боргоҳҳои таълимии тиббӣ дар асоси эҳтиёҷи воқеии минтақа ва муассисаҳои тиббӣ, инчунин бо назардошти норасоии кадрҳо ташаккул дода мешаванд. Фармоиши давлатӣ аз рӯйи самтҳо аз ҷониби Вазорати ҳифзи тандурустӣ тасдиқ мегардад.

Аз соли таҳсили 2027/2028 ба ҷойи самти «Кори табобатӣ» ҷорӣ намудани барномаи шашсолаи бакалаври «Тибби умумӣ» пешниҳод мешавад. Донишҷӯён пас аз панҷ соли таҳсил, як сол аз омодагии пурраи амалӣ мегузаранд. Хатмкунандагоне, ки барномаро бомуваффақият хатм мекунанд, барои оғози фаъолият ба ҳайси шифокори оилавӣ имкон пайдо менамоянд.

Ба омодасозии кадрҳо дар соҳаи тибби оилавӣ диққати махсус дода мешавад. Дар поликлиникаҳои оилавӣ барои дар як вақт таҳсил гирифтан ва таҷриба андӯхтани резидентҳо имкон фароҳам мегардад. Омода кардани мутахассисони соҳаҳои маҳдуд марҳила ба марҳила ба низоми резидентура гузаронида шуда, магистратура асосан ба тайёр кардани кадрҳои илмиву педагогӣ равона карда мешавад.

Дар омодасозии кадрҳои миёнаи тиббӣ низ равишҳои нав ҷорӣ мегарданд. Нақши парасторони дорои маълумоти олӣ ҳамчун ёвари наздики шифокор дар равандҳои ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо баланд бардошта мешавад.

Таҳсилоти фарматсевтӣ бо истеҳсолот боз ҳам қарибтар карда мешавад. Дар асоси эҳтиёҷи корхонаҳо таҳсилоти дуалӣ густариш ёфта, афзунсозии ҳиссаи машғулотҳои амалӣ, инчунин ҷалби донишҷӯён ба тамоми равандҳо – аз  истеҳсоли воситаҳои доругӣ то назорати сифат ва стандартизатсия пешбинӣ шудааст.

Қисми дигари муаррифӣ ба ҷорӣ намудани низоми бақайдгирии давлатии кормандони соҳаҳои тиб ва дорусозӣ бахшида шуд.

Бо мақсади таъмини сифат ва бехатарии хидматрасониҳои тиббие, ки ба аҳолӣ пешниҳод мегарданд, низоми арзёбии мустақили дониш ва омодагии амалии мутахассисон ҷорӣ мешавад.

Феҳристи ягонаи электронӣ, ки тамоми кормандони соҳаҳои тиб ва фарматсевтикаро фаро мегирад, ташаккул меёбад. Он бо 16 пойгоҳи иттилоотӣ ҳамгиро гардида, барои дар як ҷой ҷамъ овардани маълумоти марбут ба таҳсилот, тахассус ва фаъолияти касбии мутахассис имкон фароҳам менамояд.

Аз соли 2027 ба таври ихтиёрӣ ва аз соли 2030 ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намудани барӯйхатгирии давлатӣ пешниҳод мегардад. Баъдан, мутахассисе, ки аз рӯйхати давлатӣ нагузаштааст, наметавонад ба фаъолияти тиббӣ ё фарматсевтӣ машғул шавад.

Баҳогузорӣ марҳила ба марҳила – аз фанҳои бунёдӣ ва клиникӣ оғоз гардида, сипас аз рӯйи ихтисос амалӣ мешавад. Барои ин бонки ягонаи тест ва супоришҳо, инчунин пойгоҳҳои муосири симулятсионӣ таъсис меёбанд. Барои мутахассисоне, ки аз имтиҳон гузашта наметавонанд, имкони аз нав супоридан тақдим мегардад.

Ҳамчунин, ҳавасманд кардани кормандоне, ки ба таври ихтиёрӣ, барвақттар ба низоми нав мегузаранд, пешбинӣ шудааст. Ба шифокорон ва кормандони соҳаи дорусозӣ, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд ва имтиҳонро бомуваффақият супорида, ба феҳристи давлатӣ ворид шудаанд, то панҷ баробари ҳадди ақали музди меҳнат, ба кормандони миёнаи тиббӣ ва фарматсевтӣ бошад, то 2,5 баробари ҳадди ақали музди меҳнат пардохт намудани иловапулӣ пешниҳод гардид.

Барои ташкили корҳои барӯйхатгирии давлатӣ ва арзёбии малакаи мутахассисон фаъолияти маркази алоҳида роҳандозӣ мешавад.

Дар муаррифӣ масъалаҳои такмили низоми таълими пайвастаи касбии кормандони соҳаи тиб ва дорусозӣ низ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки бинобар босуръат нав шудани усулҳои ташхису табобат, доруворӣ ва технологияҳо дар тибби муосир, мунтазам баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалии мутахассисон муҳим мебошад.

Бо ин мақсад, низоми нави таълими пайвастаи касбӣ, ки тамоми кормандони соҳаи тиб ва фарматсевтикаро фаро мегирад, ҷорӣ мешавад. Провайдер ва барномаҳои таълимӣ аккредитатсия гардида, равандҳо рақамӣ мегарданд.

Низом бар асоси тамоюли кредитӣ-модулӣ ташкил мешавад. Ҳар сол на кам аз 50 кредит ҷамъоварӣ намудани кормандони дорои маълумоти олии тиббӣ ва фарматсевтӣ, 28 кредит ҷамъ кардани кормандони миёнаи тиббӣ ва дорусозӣ пешбинӣ мегардад. Ин кредитҳо ҳангоми барӯйхатгирии давлатӣ ва тасдиқи тахассуси касбӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Ба мутахассис ҳуқуқ дода мешавад, ки провайдери таълимӣ, барнома ва шакли таҳсилро мустақилона интихоб намояд. Истифода аз шаклҳои гуногуни таълим, чун таҳсилоти анъанавӣ ва фосилавӣ, курсҳои онлайн, такмили ихтисос дар ҷойи кор, семинар ва тренингҳо имконпазир мегардад.

Ҳамчунин механизми дар Ӯзбекистон эътироф намудани кредитҳое, ки дар барнома ва чорабиниҳои хориҷии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ ба даст омадаанд, ҷорӣ карда мешавад.

Пешниҳод гардид, ки Маркази рушди муттасили касбӣ таъсис дода шуда, ба он вазифаҳои таъмини сифати таълим, аккредитатсияи провайдер ва барномаҳо, инчунин ҷорӣ намудани стандартҳои муосир вогузор карда шаванд.

Дар барномаҳои таълими касбӣ ба бемориҳое, ки дар байни аҳолӣ бештар паҳн шуда, хатари баланди фавт доранд, диққати махсус дода мешавад. Дар ҳамкорӣ бо шарикони пешсафи хориҷӣ дар самтҳои кардиология, ёрии таъҷилии тиббӣ ва онкология барномаҳои муосир таҳия мегарданд.

Президенти кишвар ҳамчун низоми ягонаи ба ҳам алоқаманд ташаккул додани таҳсилоти тиббӣ, арзёбии мустақилона, барӯйхатгирии давлатӣ ва рушди муттасили касбиро муҳим арзёбӣ намуд.

Ба масъулон аз рӯйи марҳила ба марҳила ҷорӣ кардани тартиботи нав, ба таври васеъ татбиқ намудани стандартҳои байналмилалӣ, инчунин, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини бехатарии беморон мусоидат намудани тағйироти татбиқшаванда супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: