Фестивали анъанавии байналмилалии токпарварӣ ва шаробпазии «Сайли ангур-2026» дар шаҳраки Заркенти ноҳияи Паркент баргузор гардид. Фестивале, ки аз ҷониби ҳокимияти вилояти Тошканд бо дастгирии Кумитаи сайёҳӣ ташкил гардид, барномаи ғании корӣ ва фароғатиро дар бар гирифт.
Дар вилояти Тошканд барои токзорҳо 19 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст. Ҳар сол тақрибан 50 ҳазор тонна маҳсулот ба 15 кишвар содир карда мешавад. Солҳои наздик майдони заминҳои барои парвариши ангур пешбинишуда ба таври назаррас зиёд карда мешавад.
Дар ноҳияи Паркент соҳибкорон ба соҳаи меҳмоннавозӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунанд. Яке аз намунаҳои чунин сармоягузории дарозмуддат – маркази навтаъсиси истироҳатии оилавии «Silver Valley Family Adventures» дар Кумушкон мебошад.
Барномаи хеле ғанӣ ва ҷолиби фестивал намояндагони дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Корея, Сербия, Сингапур, Индонезия, Русия, Қазоқистон, Беларус, Гурҷистон ва Озарбойҷонро ҷалб намуд. Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва истеҳсолкунандагони пешсафи шароб аз кишварҳои дуру наздик намоиши маҳсулоти ҳунармандон, баромади ситораҳои эстрада, гурӯҳҳои кӯдакона ва фолклорӣ, таомҳои миллиро қадр намуда, навъҳои гуногуни ангурро чашиданд.
– Хушҳолкунанда аст, ки фестивал илм ва соҳаи меҳмоннавозиро ба таври оқилона ба ҳам пайваст, – мегӯяд номзади илмҳои кишоварзӣ, омӯзгори кафедраи мевапарварӣ ва токпарварии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Шоира Валиева. – Мо дастовардҳои бузург ва анъанаҳое дорем, ки решаҳои онҳо ба гузашта мерасанд ва ба парвариши навъҳои гуногуни ангур вобастаанд. Дар ин ҷо чӣ гуна метавон олим-селексионер, Қаҳрамони Ӯзбекистон Тоҷибой Ризоев ва офарандаи навъи машҳури ангури «Ризомат» Ризомат Мусамуҳамедовро ба ёд наовард. Дастовардҳои илмиро метавон ва бояд рушд дод, беҳтарин таҷрибаҳоро дар амал татбиқ кард ва аз таҷриба кардан натарсид.
Имкониятҳои соҳаи босуръат рушдёбандаи парвариш ва коркарди ангур, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи давлат пеш меравад, хеле бузурганд. Ин яке аз самтҳои ояндадортарини бахши кишоварзӣ мебошад.
Дар натиҷаи фестивал, ки онро зиёда аз 500 ҳазор сайёҳони дохилӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар тамошо карданд, токпарварон ва корхонаҳои коркард бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.
Т. Мирҳаёев, вилояти Тошканд.
Аксбардор: Рашид ГАЛИЕВ.