Интизом дар синф яке аз шартҳои асосии таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Аммо саволе ба миён меояд, ки барои ба вуҷуд овардани муҳити созгор бештар ба ҷазо бояд такя кард ё ба эътимод ва ё ба ҳамкории омӯзгору хонанда?
Дар таҷрибаи ҳаррӯзаи омӯзгор ҳолатҳое зиёданд, ки хонанда қоидаҳои синфро риоя намекунад, ба дарс халал мерасонад, бо ҳамсинфон баҳс мекунад ё вазифаи хонагиро иҷро намекунад. Дар чунин вазъият муносибати омӯзгор метавонад ба рафтори минбаъдаи кӯдак таъсири ҷиддӣ расонад.
Аз ин рӯ, мақсади интизом натанҳо «ором нигоҳ доштани синф», балки тарбия кардани ҳисси масъулият ва худназоратӣ дар хонанда бояд бошад.
Эътимод маънои онро надорад, ки омӯзгор бояд аз ҳар рафтори хонанда чашм пӯшад. Вақте омӯзгор ба хонанда эҳтиром мегузорад, сабаби рафтори ӯро мефаҳмад ва пеш аз хулоса баровардан кӯшиш мекунад ӯро бишнавад. Хонанда дар чунин муҳит хатои худро дарк менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онро ислоҳ намояд.
Масалан, агар хонанда дарсро халалдор созад, гуфтаҳои «Ту ҳамеша интизомро вайрон мекунӣ!» метавонад вазъро бадтар кунад. Саволи одии «Чӣ чиз ба ту халал мерасонад, ки ба дарс диққат диҳӣ?» метавонад сабаби воқеиро ошкор намояд.
Омӯзгор намунаи ибрат бояд бошад. Фаромӯш набояд кард, ки хонандагон на танҳо ба суханони омӯзгор, балки ба рафтори ӯ пайравӣ мекунанд. Агар омӯзгор сари вақт ба дарс ояд, ба хонандагон бо эҳтиром муносибат кунад, ваъдаҳояшро иҷро намояд ва дар ҳолатҳои душвор худро идора карда тавонад, ӯ дар амал маданияти интизомро меомӯзонад.
Дар доираи ин мавзӯъ суҳбатамонро бо омӯзгори тоифаи олӣ аз мактаби рақами 13-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Дилбармоҳ Қурбонова пешкаши хонандагон мегардонем.
– Дар солҳои аввали омӯзгорӣ интизомро дар синф бо чӣ роҳҳо ҷорӣ мекардед?
– Ростӣ, солҳои аввали омӯзгориам, ман ҳам мисли бисёр омӯзгорони ҷавон фикр мекардам, ки интизом пеш аз ҳама бо талаботи қатъӣ таъмин мешавад. Қоидаҳоро муайян мекардам, иҷрояшонро сахт назорат менамудам ва агар хонандае тартибро вайрон мекард, фавран эрод мегирифтам. Он вақт гумон мекардам, ки ҳар қадар омӯзгор сахтгир бошад, ҳамон қадар синф оромтар мешавад. Аммо таҷриба ба ман чизи дигарро омӯхт. Бо гузашти вақт фаҳмидам, ки оромии синф ҳанӯз маънои интизоми ҳақиқиро надорад. Омӯзгори муваффақ на танҳо касест, ки синфаш ором аст, балки ҳамонест, ки метавонад дар хонанда дарки масъулиятро бедор кунад, то ӯ интизомро на аз тарс, балки аз рӯйи фаҳмиш ва эҳтиром риоя намояд.
Интизоми ҳақиқӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки хонанда қоидаҳоро натанҳо барои гурехтан аз ҷазо, балки барои эҳтироми худу омӯзгор ва ҳамсинфонаш риоя кунад. Эътимод бошад, заминаест, ки чунин муносибатро ба вуҷуд меорад. Баъдтар кӯшиш кардам, ки пеш аз талаб кардан, бо хонандагон муносибати дурустро ба роҳ монам. Ҳоло бовар дорам, интизомро на бо баланд кардани овоз, балки бо эътимод низ метавон ҷорӣ кард.
– Ба назари шумо, сабабҳои асосии набудани интизом дар синф кадомҳоянд?
– Сабабҳо гуногунанд. Баъзан дарс ба талаботи хонанда ҷавоб намедиҳад, гоҳе хонанда мехоҳад бо рафтори худ диққати дигаронро ҷалб кунад. Муносибати нодуруст бо ҳамсолон, мушкилоти оилавӣ ва ҳатто муносибати худи омӯзгор низ метавонанд таъсир расонанд.
Аз ин рӯ, ҳамеша ба ҳамкоронам мегӯям: пеш аз он ки пурсед «Чаро ин хонанда чунин рафтор мекунад?» аввал аз худ суол кунед: «Сабаби ин рафтор чист?» Вақте сабабро мефаҳмед, роҳи ҳалли мушкил пайдо мешавад.
– Оё тарс аз омӯзгор метавонад хонандагонро ба низом дароварад?
– Тарс метавонад дар муддати кӯтоҳ хонандаро ором кунад, аммо интизоми устуворро ба вуҷуд намеорад. Агар хонанда танҳо дар ҳузури омӯзгор худро идора кунад, ин ҳанӯз интизоми воқеӣ нест.
Мақсад бояд он бошад, ки хонанда ҳатто вақте омӯзгор назорат намекунад, қоидаҳоро риоя кунад. Ин аллакай интизоми дохилӣ аст. Барои расидан ба он хонанда бояд фаҳмад, ки чаро ин ё он қоида муҳим аст.
– Кай ҷазо зарур мешавад ва кадом навъи ҷазо қобили қабул аст?
– Ман калимаи «ҷазо»-ро кам истифода мебарам. Онро «ҷавобгарӣ барои рафтор» номидаам. Ҳар як амали нодуруст бояд оқибат дошта бошад, аммо ин оқибат бояд ба тарбияи кӯдак мусоидат кунад.
Масалан, агар хонанда қоидаеро вайрон карда бошад, аввал бо ӯ суҳбат кардан, сабаби рафторашро фаҳмидан ва роҳҳои ислоҳи онро нишон додан мумкин аст. Аммо таҳқир, масхара намудан ё дар назди ҳамсинфон хиҷил кардани кӯдак ҳеч гоҳ роҳи дурусти тарбия нест. Мо бояд рафтори нодурустро ислоҳ кунем, на шахсияти кӯдакро таҳқир.
– Фарқи байни сахтгирӣ ва қатъият дар чист?
– Сахтгирӣ баъзан бо баланд кардани овоз, тарсонидан ва фишор додан омехта мешавад. Омӯзгор метавонад хеле ором сухан гӯяд, вале ҳамзамон қатъӣ бошад. Масалан: «Ман мефаҳмам, ки ту нороҳат ҳастӣ, аммо ҳақ надорӣ ба ҳамсинфат беэҳтиромӣ кунӣ». Ин ҷумла ҳам эҳтиром дорад, ҳам талабот. Ин ду чиз ба ҳам зид нестанд. Меҳрубонӣ маънои беаҳамиятӣ ба рафтори нодуруст нест. Баръакс, омӯзгори меҳрубон метавонад талаботи хеле ҷиддӣ дошта бошад.
Ба хонанда мегӯям: «Ман туро эҳтиром мекунам, бинобар ин аз ту кори хуб ва рафтори масъулиятнок интизорам». Вақте хонанда мебинад, ки талаботи омӯзгор на бо ғазаб, балки аз рӯйи адолат аст, онро осонтар қабул мекунад.
– Агар хонанда дар назди ҳамсинфонаш қоидаи умумро вайрон кунад, шумо чӣ кор мекунед?
– Пеш аз ҳама, кӯшиш мекунам вазъиятро дар назди аҳли синф мураккаб накунам. Агар масъала имкон диҳад, ба хонанда бо як ишора ё ҷумлаи кӯтоҳ мефаҳмонам, ки рафтораш нодуруст аст. Баъд аз дарс бо ӯ алоҳида суҳбат мекунам. Дар назди дигарон сахт танбеҳ додан баъзан хонандаро ба ҳолати дифоӣ мебарад: ӯ хатояшро дарк накарда, танҳо мехоҳад худро сафед кунад. Суҳбати ором ва шахсӣ бештар натиҷа медиҳад.
– Оё қоидаҳои умумро бо иштироки худи хонандагон муайян кардан дуруст аст?
– Бале, ҳатто хеле муфид. Вақте қоидаҳоро танҳо омӯзгор мегӯяд, хонанда онҳоро ҳамчун талаботи аз боло додашуда қабул мекунад. Аммо агар худи хонандагон дар муҳокима иштирок кунанд, масъулияти онҳо бештар мешавад. Масалан, дар оғози соли таҳсил метавон пурсид: «Барои он ки синфи мо пешсаф бошад, кадом қоидаҳоро бояд риоя кунем?» Баъд пешниҳодҳоро ҷамъ намуда, чанд қоидаи асосиро интихоб кардан мумкин.
– Чӣ гуна метавон хонандаи мушкилтарбияро ба ҳамкорӣ ҷалб кард?
– Аввал ӯро ҳамчун «хонандаи мушкилтарбия» қабул накардан лозим. Ин унвон агар дар зеҳни омӯзгор ҷой гирад, муносибат нохудогоҳ тағйир меёбад. Мо бояд ба худ бигӯем: «Ин кӯдак мушкил дорад», на ин ки «Ин кӯдак худ мушкилтарбия аст». Баъзан ба чунин хонанда ягон вазифаи масъулиятнокро додан натиҷаи хуб медиҳад. Масалан, масъули гурӯҳ, ёвари омӯзгор, масъули тахтаи синф ё иҷрои як вазифаи мушаххас. Вақте кӯдак эҳсос мекунад, ки ба ӯ бовар доранд, муносибаташ низ метавонад тағйир ёбад.
– Нақши волидон дар масъалаи интизоми хонанда то чӣ андоза муҳим аст?
– Хеле муҳим. Мактаб танҳо наметавонад тамоми масъулияти тарбияро ба дӯш гирад. Агар дар мактаб як талабот бошаду дар хона талаботи тамоман дигар, хонанда саргум мешавад. Аммо ҳамкорӣ бо волидон набояд танҳо ҳангоми пайдо шудани мушкил сурат гирад. Баъзан хуб аст, ки омӯзгор ба падару модар на танҳо дар бораи хатои фарзандашон, балки дар бораи муваффақият ва рафтори хуби ӯ низ хабар диҳад. Ин муносибати боэътимодро ба вуҷуд меорад.
– Аз таҷрибаи Шумо, кадом як ҷумла ё усули омӯзгор ба хонанда бештар таъсир мерасонад?
– Ҷумлаҳои одӣ баъзан таъсири калон доранд. Масалан: «Ман медонам, ки ту метавонӣ беҳтар кор кунӣ». Ин ҷумла ҳам талабот дорад, ҳам эътимод.
Ё вақте хонанда хато мекунад: «Ба хато роҳ додӣ, акнун биё фикр кунем, ки чӣ тавр онро ислоҳ мекунем». Ин гуна муносибат кӯдакро аз тарси хато раҳо мекунад ва ба дӯши ӯ бори масъулият мегузорад.
Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки хубии хонандаро дар назди дигарон қайд кунам, вале камбудиашро, агар зарур бошад, алоҳида фаҳмонам. Таъриф метавонад умумӣ бошад, танбеҳ бошад – то ҳадди имкон шахсӣ ва боэҳтиромона.
– Агар ба таҷрибаи солҳои аввали омӯзгориатон баргардед, дар муносибат ба интизоми хонандагон чиро дигар мекардед?
– Эҳтимол, камтар фарёд мезадам ва бештар гӯш мекардам. Дар ҷавонӣ мо мехоҳем ҳама чиз зуд иҷро шавад: хонанда хомӯш нишинад, вазифаро иҷро кунад, қоидаҳоро риоя намояд. Баъдтар мефаҳмӣ, ки барои тарбия вақт лозим аст. Имрӯз ман медонам, ки баъзан як суҳбати панҷдақиқаина метавонад аз даҳ дақиқа танбеҳ бештар натиҷа диҳад. Омӯзгор ҳам бояд аз хатои худ омӯзад.
– Ба омӯзгори ҷавоне, ки синфашро идора карда наметавонад, чӣ маслиҳат медодед?
– Пеш аз ҳама, ноумед нашавад. Идора кардани синф маҳоратест, ки бо таҷриба ташаккул меёбад. Аз рӯзи аввал кӯшиш накунед, ки худро аз ҳад зиёд сахтгир нишон диҳед. Қоидаҳои равшан муқаррар кунед, ба онҳо худатон низ риоя намоед, нисбат ба ҳамаи хонандагон одил ва дар муносибат устувор бошед. Ва аз ҳама муҳимаш, ҳар рӯз як саволро ба худ диҳед: «Имрӯз ман барои беҳтар шудани муносибати худ бо хонанда чӣ кардам?»
Агар омӯзгор танҳо хатои хонандаро бинад, мушкил зиёд мешавад. Агар имконияти хуб шудани ӯро пайдо кунад, натиҷа дигар мешавад.
– Ба фикри Шумо, хонанда бояд аз омӯзгор тарсад ё ӯро эҳтиром кунад?
– Албатта, эҳтиром кунад. Тарс муносибати берунӣ аст, эҳтиром бошад муносибати ботинӣ. Агар хонанда аз омӯзгор тарсад, эҳтимол дар ҳузураш интизомро риоя кунад. Аммо агар омӯзгорро эҳтиром кунад, ҳатто дар набудани ӯ ҳам қоидаҳоро риоя хоҳад кард. Эҳтиромро талаб карда гирифтан мумкин нест. Онро бояд бо рафтор, адолат, дониш ва муносибати инсонӣ ба даст овард.
– Агар ҷумлаеро барои ҷамъбасти мавзӯи «Интизом дар синф» интихоб мекардед, он чӣ ҷумла буд?
– Мегуфтам: «Интизоми ҳақиқӣ он вақт ба вуҷуд меояд, ки хонанда қоидаро на аз тарс, балки аз рӯи фаҳмиш ва масъулият риоя кунад».
Омӯзгор бояд ҳам талабгор бошаду ҳам такягоҳ. Қоидаҳо бояд бошанд, аммо дар баробари қоидаҳо боварӣ ҳам зарур аст. Ба назари ман, синфи муваффақ синфе нест, ки дар он ҳама аз омӯзгор метарсанд, балки синфест, ки дар он омӯзгор ва хонанда якдигарро эҳтиром мекунанд ва барои натиҷаи хуб якҷо талош менамоянд.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур.
– Саломат бошед!
Мусоҳиб
Саодат Бекназарова,
хабарнигори
«Овози тоҷик».