Чун ҳамасола пас аз ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз – Истиқлолияти давлатии мамлакат 2 сентябр дар тамоми мактабҳои таълими ҳамагониву миёнаи махсус ва олии кишвар соли хониши нави 2026-2027 оғоз ёфт. Он рӯз хонандагон ва донишҷӯён боз ба дидори ҳамдигар расиданд ва бо мақсадҳои нек дастҷамъона соли нави хонишро оғоз карданд.
Хурсандии наврасоне, ки қадами аввалини худро ба синфи 1-ум гузоштанд, ҳадду канор надошт. Чунин хурсандиро дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 329-уми ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт низ мушоҳида кардан мумкин. Дар ҳавлии мактаб хонандагон ва омӯзгорони дабистон ҷамъ омаданд. Пас аз суханронӣ ва табрикоти омӯзгорону роҳбарияти мактаб аз ҷониби хонандагони синфи 1-ум «занги аввал» садо дод. Истиқлолият, сулҳ, осоишу оромӣ, Ватан ва ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои асосии дарси аввал буд.
– Дар соли нави хониш 245 нафар хонанда ба синфи 1-ум қабул гардид. Ба онҳо аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳия туҳфаи Президент супорида шуд. Дарвоқеъ, соли ҷорӣ аз 140 нафар довталабони мактаб 64 нафар хонанда ба донишкадаҳои мамлакат дохил шуданд, – гуфт муовини директори мактаб Меҳринисо Амонова. – Соли хониши 2026-2027 дар мактаби мо ҷамъ 2650 нафар хонанда таҳсил мегиранд, ба онҳо 120 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Фикр мекунам, соли хониши ҷорӣ низ мувофиқи нақша идома хоҳад кард.
Дар замони тараққиёти илму техника мувофиқи барномаҳои такмилёфтаи хониш ба насли наврас таълиму тарбия додан, тайёр намудани кадрҳои соҳибмалака аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ дар ҷараёни таълиму тарбия ба татбиқ намудани маводҳои мултимедӣ ва технологияи навтарини ахбор, нав кардани мазмуни таълим ва барномаҳои хониш, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ғайра эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бобат қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» ва «Дар бораи Барномаи миллии тарбияи кадрҳо» нақши алоҳида мебозад.
Далер Азизов,
хабарнигори
«Овози тоҷик».