2-юми сентябр чун ҳама солҳои даврони истиқлол дар кулли дабистонҳои кишварамон рӯзи хониш оғоз гардида, боиси хушнудии донишомӯзон ва падару модарон шуданд. Ҳазорон тан хонандагон вориди дабистонҳо гашта, бо нахустин занги мактаб паси мизу курсиҳои зебо ҳозир гаштанд.
Як сумкаи пур аз ҷиҳози мактабиро чун ҳадяи Президент соҳиб гашта, дар ниҳояти хушҳолӣ рӯзи нахусти хонишро оғоз карданд.
Вуҷуди шоду масрури села-села мурғакони ташнаи илмро, ки бори нахуст ба саҳни дабистонҳо қадам ниҳодаанд, ба мушоҳида гирифта, хаёл касро ба рӯзгори мозӣ мебарад ва он замонаҳоро бо шароиту дастовардҳои имрӯзи Ватан дар қиёс гирифта, боз ҳам тааҷҷубзада мешавад.
Муҳаммадӣ Халилов яке аз бошандагони деҳаи Матмони ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё, ҳоло синнаш дар домани ҳафтод қарор дорад. Вай нахустин рӯзи ба мактаби миёна рафтани худро ба ёд оварда гуфт, ки ин санаи муҳими умри ӯ 1- уми сентябри соли 1972 иттифоқ афтодааст. Он рӯзгор мактабҳо шароити хуб надоштанд.
– Мактабе, ки ман бори аввал ба даргоҳаш қадам гузоштам, аз як бинои назарногири чаҳордевори гиландова иборат буд, ки дар бисоташ се-чор синфхона дошту халос ва болорҳои чӯбинаш вассапӯш буда, ҳоли ғариберо мемонд, – мегӯяд М. Халилов муддате ёдҳои замони бачагии худро тагурӯ карда. – Мактаби мо дар феҳристи шуъбаи маорифи халқи ноҳия таҳти рақами 53 сабт ва ба номи Устод Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуда буд. Ман дар тан либоси карбосии дастидӯхте пӯшида будам. Эзору куртаи маро модарам дӯхта буд. Ман ҳамин либоси он вақт дар назарам ноёбро пӯшида, озими мактаб шудам. Дар сар тоқие доштам, ки холаам Ҳоҷарой бо салиқаи ба худ хосе дӯхта буд. Он рӯз нахустин рӯзи хониш ман хушбахттарин инсон будам. Нахустин устоди ман Савриддин Бӯриев ном дошт, ки минбаъд бо заҳмати ӯ савод омӯхтам ва ба китобу дафтар меҳр бастам. Асбоби хониши мо ҳам аҷиб ҳолате дошт. Сумкаи мактабии ман иборат аз як ҷилде буд, ки модарам аз кадом як матои арзонбаҳо омода сохта буд. Сиёҳидон доштем, ки дохилаш аз ранг пур буд ва мо қалами худро, ки перо меномидем, ба он зада-зада рӯи дафтар ҳарфу рақамҳоро менавиштем. Сиёҳидон баъзан сарнагун шуда, китобу дафтари моро ба ранг меолуд. Ҳамеша дастонамон сиёҳ буд. Аз дасти ҳамин сиёҳидон либосҳоямон ҳам ба ранг олуда мегашт. Дастони сиёҳамонро баъзан нафаҳмида ба рӯй мекашидем ва кунҷи лабу бари рӯйҳоямон низ сиёҳ мегашт.
Аммо Шӯҳрат Сариев сокини мавзеи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод дар ёди он рӯзи нишот – оғози рӯзи нахустини таҳсилаш дар мактаб гуфт, ки либоси зебое дар тан доштааст, ки иборат аз куртаи сафеду шими сиёҳ буда, падари омӯзгораш Элбегӣ Сариев барояш харида буд. Вай гуфт, ки 1-уми сентябри соли 1970 таҳсилро дар мактаби рақами 10 ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ кардааст. Аммо он замонаҳо на ҳама метавонистанд ба фарзандони худ либоси мактабӣ бихаранд. Бахши бештари мардум камбизоат буданд ва фарзандони худро бо либосҳои дастидӯхт ба мактаб мефиристоданд. Ш. Сариев гуфт, ки ҳамсинфонаш бо ҷомаву тоқӣ ва дар пой мӯза ба мактаб ҳозир мешуданд. Устоди нахустини ӯ Холмурод Ҳасанов буд ва ҳанӯз дар қайди ҳаёт мебошад.
– Аммо муаллимони мо синфи 7-уми дабистонро хатм кардаву ба кори таълиму тадрис ҷалб шуда буданд. Зеро дар деҳоти кӯҳистон мутахассисони хатмкардаи макотиби олӣ хеле кам буд, – гуфт Ш. Сариев.
Ин ҳамсуҳбати ман ёдовар гашт, ки рӯзи аввали хониш дар даст ҷилде дошт, ки модараш аз кадомин матое дӯхтаву омода сохта буд. Мактаби деҳа ҳам бо роҳи ҳашари мардум бунёд ёфтааст.
Ҳамсуҳбати дигари мо Фазоил Чоршанбиев, бошандаи ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз аст. Назар ба иқрори акои Фазоил, вай 1-уми сентябри соли 1974 пой ба остонаи мактаб бурдааст ва рӯзи нахустини таҳсил дар дабистон бо камзӯлу эзору куртаи оҳарии дастидӯхт ҳозир гаштааст.
– Ҳоло шароити таҳсил дар қиёс бо он солҳои дур масофаи осмону заминро ба ёд меорад, – мегӯяд бо ханда ӯ ва ба сухани худ идома дода, афзалиятҳои замони истиқлолро як-як бармешуморад. Аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки ҳукумат ба мактабу маориф бепарво нест, баръакс ин соҳаи барои ояндаи дурахшони Ватан муҳимро мудом таҳти назорат гирифта, барои хонандагон шароити хубе муҳайё кардааст. Он ҷое, ки илму маориф дар рушд аст, нодорӣ доман чида, рӯзгори мардум обод ва пур аз нишот мегардад. Дар чунин шароит хондаву олим, мутахассиси хуб ва соҳиби ҳунари волое нагаштан ба Худо, ки айб аст! – таъкид мекунад ҳамсуҳбати ман.
Солҳо гузашта, мактабҳои муҷаҳҳази мо низ дар назари авлоди оянда куҳна ҷилвагар мегарданд. Чунки хонандагоне, ки имрӯз дабистонҳоро хатм мекунанд, илму маърифати худро ба кор андохта, усулҳои босамари таълимро меофаранд ва мактабҳое хоҳанд сохт, ки ба талаби он замони дар пеш созгор ва сифати таълимаш ҳам шояд чанд парда боло хоҳад буд. Тақозои қонуни фалсафаи ҳаёт «инкори инкор» ҳамин аст: куҳнаҳо ногузир нав мешаванд!
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.