Аз соли 2024 дар кишварамон лоиҳаҳои «Шаҳрҳои шаффоф» ва «Минтақаи ҳалол» амалӣ карда мешаванд, ки дар меҳвар истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини аврупоӣ қарор дорад.
Ин лоиҳаҳо бар асоси методологияҳои байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд, ки ба муқаррар кардани ростқавлӣ, шаффофият ва меъёрҳои баланди ахлоқӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои коррупсия равона шудаанд.
Ин равиш дар 11 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ муваффақона татбиқ шудааст ва барои саҳмаш дар рушди хидмати давлатӣ ҷоизаи бонуфузи СММ-ро ба даст овардааст.
Пас, дар кишварамон ба мубориза бо коррупсия вусъат бахшидан ва коҳиш додани ҳарчи бештари он дар тамоми вазорату идораҳо ва зеридораҳои он дар маҳалҳо аз авлавияти вазифаҳоро ташкил мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасоди кишвар, ин лоиҳаҳо дар аввал ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошанд, Вобкенти вилояти Бухоро ва шаҳри Ҷиззах амалӣ карда шудаанд. Дар натиҷа 61 намуди хатари фасодкорӣ дар низоми ҳукумати маҳаллӣ муайян ва барои солҳои 2025-2026 «Харитаҳои роҳ» таҳия гардидааст, ки ҳар як минтақа аз рӯи он бартараф кардани хатари фасодро дар амал пиёда хоҳад кард.
Ин манбаъ меафзояд, ки соли равон чунин ташаббус дар ноҳияҳои Тӯрткӯл, Ҳазорасп, Конимех, Каттақӯрғон, Косон ва Олтиариқ мунтазам идома меёбад. Дар доираи лоиҳаҳои фавқуззикр, барои масъулини идораҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ намояндагони сохторҳои назорати дохилии зиддифасодкорӣ семинарҳои омӯзишӣ ва амалӣ ташкил карда шудаанд.
Ин методология, ки бо ҳамкории Агентии мубориза бо фасод ва Барномаи рушди СММ, дар доираи лоиҳаи муштараки «Тақвияти экосистемаи миллии зиддифасорд-корӣ» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, тадриҷан дар ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд. Ҳадафи асосӣ ба минтақаи бидуни фасод табдил додани шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Тавре ки аз хабари манбаъи мазкур бармеояд, як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Умеда Тӯхташева – муовини директори Агентии мубориза бо фасод, вазъи корҳои анҷомдодашударо дар доираи барномаи мукаммали табдил додани ноҳияи Асака ба минтақаи бефасод омӯхтааст. Дар рафти омӯзиш, гурӯҳи корӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ дар иттиҳодияи тиббии ноҳия, беҳтар кардани пешниҳоди хизматрасонии ройгон ва пулакӣ, беҳтар кардани таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ, таъмини кушодарӯӣ ва шаффофият дар раванди ҷалби кормандон, инчунин равандҳои рақамикунонии бахш таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.
Гуфта мешавад, дар доираи он оид ба ҷорӣ намудани дастгоҳҳои «Face-ID» барои назорати ҳузур дар муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии рақами 41 ва мактаби таҳсилоти умумии рақами 59, насби камераҳои назорати видеоӣ сурат гирифтааст, ки фароҳам овардани муҳити бехатар ва ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии фасодро таъмин хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Агентии мубориза бо фасод муҳокимаи оммавии лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи Феҳристи электронии шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба коррупсия гунаҳкор дониста шудаанд»-ро идома медиҳад. Дар ҳуҷҷат тартиб ва асосҳои ворид намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои марбут ба коррупсия гунаҳкор дониста шудаанд, ба Феҳристи электронӣ, инчунин маҳдудиятҳои муқарраршуда муайян карда шудаанд.
Ин чиро мефаҳмонад? Дар баъзе ҳолатҳо барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидан, пешбарии номзадҳо ба вазифаҳои интихобӣ ва махсус таъиншуда, узвият дар шӯроҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти байниидоравии коллегиалӣ, иштирок дар хариди давлатӣ ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии давлатӣ ва амсоли он ба фасодкорӣ роҳ дода мешавад. Барои ҳамин ҳоло аҳолӣ бояд дар муҳокимаи оммавӣ фаъолона ширкат кунад ва фикру назари хешро баён кунад. Ин муҳокима то 2 сентябр идома дошт.
Ба ин тартиб, дар кишвар роҳу усулҳои гуногун истифода бурда мешаванд, ки аз фасод ҷилавгирӣ ба амал ояд. Аммо, хабарҳо дар бораи он ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳо афроди масъули идораҳои давлатӣ даст ба фасод задаанд, баёнгари он мебошад, ки ин иллат хеле реша давонидааст ва омили муҳими муборизаи дастаҷамъона алайҳи он мебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».