Дар Тошканд Маркази санъати муосир ифтитоҳ гардид

  • Дар Тошканд Маркази санъати муосир ифтитоҳ гардид
  • Дар Тошканд Маркази санъати муосир ифтитоҳ гардид
  • Дар Тошканд Маркази санъати муосир ифтитоҳ гардид

Дар пойтахти Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи Маркази санъати муосир баргузор шуд.

Дар ин марказ толорҳои намоишгоҳӣ, китобхона, мағозаи консептуалӣ, майдонҳои таълимӣ, инчунин ҳудудҳои ҷамъиятӣ барои баргузории мулоқотҳо ва анҷом додани таҳқиқот ҷой гирифтаанд. Фарогирии васеи фаъолиятҳои марказ онро ба яке аз нахустин маҷмааҳои бузурги ин навъ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.

Кластери нави фарҳангӣ дар бинои таърихии собиқ неругоҳи дизелии барқӣ, ки соли 1912 бунёд шудааст, ҷойгир мебошад. Тағйироти меъмории иншоот аз ҷониби бюрои машҳури ҷаҳонии «Studio KO» амалӣ шудааст.

Минбаъд дар ин ҷо намоишгоҳҳо, таҳқиқоти илмӣ, лексияҳо, мулоқоту суҳбатҳои озод, намоиши филмҳо, консертҳо ва перформансҳо мунтазам баргузор хоҳанд шуд.

Саида Мирзиёева дар ин хусус гуфт:

«Дар кишвари мо бунёд шудани боз як чунин майдони бонуфузу замонавӣ аҳамияти махсус дорад. “CCA Tashkent” бо эҷодкорон, кураторҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории наздик ба роҳ монда, барои ба аудиторияи нав роҳ ёфтани соҳибистеъдодони Ӯзбекистон ва сазовори эътироф гардидани онҳо дар саҳнаҳои хориҷӣ замина фароҳам меорад».

Ин лоиҳа дар натиҷаи ташаббусҳои Президенти мамлакат ва талошҳои бузурги Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон амалӣ гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: